Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А. П. Чехов боздид намуда, бо раванди омодагии муассисаи таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон шинос шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни боздид Раҷаб Аҳмадзода аз дегхонаи муассиса дидан карда, ба захираи ангишт ва ҳолати низоми гармидиҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Тавре таъкид гардидааст, барои таъмини гармӣ дар давраи зимистон захираи зарурии сӯзишворӣ омода карда шудааст.
Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин бо раванди таълиму тарбия дар муассиса шинос шуда, дар дарси забони давлатӣ иштирок намудаву бо хонандагон суҳбат кардааст. Зимни суҳбат таъкид гардидааст, ки омӯзиши забони давлатӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад.