toyota motors
Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо сохтмони нерӯгоҳи барқӣ шинос шуд
15.05.2026
Oila.tj
25

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқӣ шинос гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни боздид аз раванди сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ маълумот дода шудааст, ки лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Ашт дар масоҳати 750 гектар амалӣ гардида, барои таъмини зиёда аз 115 ҳазор хоҷагӣ бо нерӯи барқ равона шудааст. Зикр гардидааст, ки айни замон корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон ва техникаҳои зарурӣ тибқи нақша идома доранд.

- Дар шароити имрӯз, ки таъсири тағйирёбии иқлим бештар эҳсос мегардад, бунёди нерӯгоҳи офтобӣ нишонаи равшани таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба истифодаи энергияи сабз ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД