Дастаи “Истиқлол” аз гузариши ҳамлагари украинӣ Дмитро Билоног хабар додааст. Шартномаи ҳамкории Дмитро ба муддати як сол ба тасвиб расидааст.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мавсими гузаштаро Билоног дар дастаи “Вахш” гузаронида, дар Лигаи олии Тоҷикистон ба задани 8 гол даст ёфта буд ва охири мавсим беҳтарин бозигари хориҷӣ эътироф шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Дмитро соли 1995 таваллуд шуда, тарбиятгирандаи тими овозадори “Шахтёр” мебошад. Ӯ инчунин дар ҳайати дастаҳои “Металлист”, “Зирка”, “Динамо”-и Минск ва “Урал”-и Русия ҳунарнамоӣ кардааст.
Қаблан ҳимоятгари нигериягӣ Ҷозеф Окоро, ду нимҳимоятгари эронӣ Ризо Деҳқонӣ, Сиёваш Ҳақназарӣ, дарвозабони сербӣ Никола Стошич, дифоъгари ӯзбек Марлен Чобанов, ниммуҳофизатгари тоҷик Эҳсони Панҷшанбе, ҳимоятгари албанӣ Рудолф Туркай ва дифоъгари тоҷик Аҳтам Назаров тарки “Истиқлол” намуда буданд.
Ҳамчунин, шартномаи ҳамкорӣ бо ҳамлагари тоҷик Рустам Соиров барои ду сол ва ҳимоятгари тоҷик Манучеҳр Сафаров то охири мавсим тамдид шуда буд.
Ҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Алиҷон Кароматуллозода ба ҳайати “Истиқлол” гузашта, 2 сол шартномаи ҳамкорӣ имзо намуд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан “Истиқлол” шартномаро бо сармураббии тим Игор Черевченко тамдид накарда буд.