arzon replenishment
Ҷамолиддин Абдуллозода 2 дархости "Oila"-ро иҷро кард
1912
Ҷамолиддин Абдуллозода 2 дархости "Oila"-ро иҷро кард

Имруз зимни нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабарнигори "Oila.tj" дар бораи вазъияти равонии зарардидагони садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Кулоб пурсид.

Мухбири сомона бо супориши роҳбарият аз Вазири тандурустии кишвар дархост кард, ки барои барқарор намудани ҳолати руҳии аҳли хонаводаи фавтидагону зарардидагон 2 нафар равоншиносро ба ин шаҳри бостонӣ равон намоянд.

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ дар асоси дархости сомона бо супориши Ҷамолиддин Абдуллозода ду нафар равоншинос барои кӯмак ба зарардидгони ин хонавода озими шаҳри Кӯлоб шуданд.

Бояд гуфт, ки дирӯз зимни хабаргирии кормандони сомонаи “Оила” аз вазъи ин хонавода муаяйн гардид, ки хонаводаи мазкур дар вазъияти шокӣ буда, махсусан, ҷавонону наврасон ҳолати бади руҳӣ доранду ҳодисаи мазкурро ба сахтӣ аз сар гузаронида истодаанд.

Ёдовар мешавм, садамаи мудҳиши нақлиётие, ки шаби 6-уми августи соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, ҷони 11 нафарро бурду даҳо тани дигарро бистари беморӣ намуд. Хисороти молии ба вуҷуд омада ҳанӯз дақиқ нашудааст.

Аз идора: Ҳамзамон, вазири тандурустии мамлакат дархости сомонаро дар мавриди бо ҷойи кор ва ҷойи зист таъмин намудани хонандаи сомона, ки ятими кул аст, пазируфта, ваъда дод, ки дар наздиктарин фурсат ин дархост низ иҷро мешавад. Дар мавриди иҷрои дархости дуюм аз ҷониби вазир рӯзҳои наздик пурра иттилоъ хоҳем дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД