toyota motors
Андалеби Истаравшан
53

Сарояндаи хушовозу хушилҳон Шарифҷон Сангинов бо таронаҳои ҷаззобу дилнишинаш миёни мухлисон маҳбубият пайдо кардааст. Ӯ бештар дар жанрҳои мусиқии суннатӣ месарояд ва барои матнҳои классикӣ оҳангҳои марғуб эҷод мекунад. Мавсуф бо эҷоди оҳангу мусиқиҳои ҳаловатбахшу дилнавоз дар рушди санъати тоҷик саҳм мегузорад.

Меҳре, ки ба саҳна овард

Ӯ зодаи Ҷамоати деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан аст. 60 сол дорад ва қариб 40 сол мешавад, ки овозхонӣ мекунад. Қаҳрамони мо аз овони мактабхонӣ ба суруду мусиқӣ шавқи зиёд дошт. Пайваста дар озмуну фестивал ва чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ иштирок мекард. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Бӯстон”-у “Андалеб” борҳо сазовори ҷойи аввал гардидааст.

“Ҳар чорабиние, ки дар мактаб доир мегашт, хоҳиш мекарданд, ки дар он суруд хонам. Муаллимамон Акрамҷон Маҳкамов оҳангҳои нав эҷод мекарданд ва ман бо пешниҳоди он кас аз матнҳои классикӣ суруд мехондам. Ҳамин тавр, меҳри санъат дар дилам ҷо шуд ва ин меҳр маро ба саҳна овард”,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Аз режиссёрии театр то эҷоди таронаҳои рӯҳбахш

Шарифҷон Сангинов баъди хатми мактаби миёна соли 1979 ба коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил мешавад. Дар коллеҷ аз рӯйи ихтисоси “Корҳои маданӣ ва равшаннамоӣ” таҳсил мекунад. Ба ӯ пешниҳод менамоянд, ки дар Донишкадаи санъат таҳсилашро идома диҳад.

“Дар коллеҷ ман навохтани ҳам асбобҳои мусиқии миллӣ ва ҳам хориҷиро аз худ кардам. Вақте ки коллеҷро хатм мекардам, ногаҳон модарам бемор шуданд. Барои ҳамин нахостам аз модар дур шуда ба Душанбе равам.  Бо мурури вақт соли 2010 ихтисоси “Режиссёри театри мардумӣ”-и Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро соли 2014 хатм кардам”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шарифҷон Сангинов бо сарояндаҳои машҳури тоҷик Лола Азизова, Муҳаррама Шарифова (дар коллеҷи санъат), Нигина Амонқулова (Донишкадаи санъат) ва дигарон таҳсил кардааст, ки овозхонҳои маҳбубу маъруфи халқ гаштаанд. 

Шарифҷон Сангинов соли 1983 пас аз се моҳи хатми коллеҷ ба хизмати ҳарбӣ меравад. Вай аввал дар маркази таълимии яке аз қисмҳои ҳарбии Украина машқ мекунад. Пас аз шаш моҳ, баъди гирифтани рутбаи сержанти хурд ӯро ҳамчун мутахассис ба яке аз қисмҳои ҳарбии Балхаши Қазоқистон мефиристанд.

“Давраи хизмати ҳарбӣ моро ба чорабиниҳои сиёсӣ ва иду ҷашнҳо мебурданд. Боре гуфтанд, ки бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ чорабиние баргузор мегардад ва мо бояд таронае пешкаш намоем. Ман суруди “Эй санам”-и Тоҷиддин Муҳиддиновро пешниҳод намудам. Ҳамин тавр, якҷоя бо як взвод, ки аз 30 нафар иборат буд, таронаи “Эй санам”-ро хондем. Аҷибаш он буд, ки ин взводи аз халқу миллатҳои гуногун ташкил ёфта, бо як овоз таронаи тоҷикӣ месуруданд”,- ба ёд овард Шарифҷон Сангинов.

Сарояндаи ваҳдатсаро

Шарифҷон Сангинов бештар бо таронаҳои ватандӯстонаву меҳанпарастонааш миёни мухлисон маҳбубият пайдо кардааст. Аз ин рӯ, аксарият ӯро чун ҳофизи ваҳдатсаро унвон кардаанд. Ба гуфти қаҳрамони мо мухлисон дар тӯю маъракаҳо низ хоҳиш мекунанд суруде дар васфи ватан сарояд.

“Бештари таронаҳоям ба мавзӯъҳои Тоҷикистон, Ватан, Истиқлол, Ваҳдат бахшида шудаанд. Сурудҳои тӯёнаву рақсӣ ҳам дорам, ки дар жанрҳои классикӣ ва эстрадӣ эҷод шудаанд. То имрӯз зиёда аз 50 оҳанг бастаам. Бисёртар ба шеърҳои   Ҳофизи Шерозӣ, Лоиқ Шералӣ, Муҳаммад Ғоиб, Мирзо Файзалӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Раънои Сафарзод, Раънои Зоирдухт,  Валиҷон Акбарӣ ва шоири ӯзбекистонӣ Гулнора Туғён оҳанг мебандам. Ба наздикӣ ба шаби эҷодии Гулнора Туғён ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват шуда будам. Аз ин чорабинӣ телевизиони “Маданият ва маърифат”-и кишвари ҳамсоя репортажи махсус омода кард”,- гуфт сарояндаи хушовоз.

 Шарифҷон Сангинов то имрӯз дар ансамблҳои “Дилшод”, “Рухшона”, “Шашмақом” (Истаравшан) “Трикотажи Ӯротеппа” фаъолият намудааст. Имрӯзҳо роҳбарии хонаи фарҳанги “Куҳандиж”- ро ба зимма дорад.  Ӯ дар он ҷо 7 маҳфили ҳунарӣ таъсис додааст, ки аъзоёнаш дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Шарифҷон Сангинов соли 2025 дар озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин” дар вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал гардид.

Шарифҷон Сангинов барои саҳми арзанда дар рушди санъату фарҳангу ҳунар бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофотҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Ӯ Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон мебошад. Аммо «беҳтарин ҷоизаву мукофот эътирофу эҳтироми мухлисон аст» мегӯяд ҳофизи хушсадо.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД