sebiston july new
Аниматори фариштарӯе, ки ҳунарпешаи маъруф гашт
25.02.2024
ОИЛА
646

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир майдони хеле хуби муаррифии ҳунару истеъдод ҳастанд. Ҳамчунин, чанд соли охир дар кишвари мо касоне пайдо шуданд, ки барои саҳифаҳояшон дар фазои маҷозӣ ҷиддӣ кор мекунанд, ҳатто корҳои калон, ки тасаввур карданаш ҳам баъзан афсона менамояд.

Барои мисол, Набиҷон Пирматов коргардони ҷавони тоҷик силсилафилми “Ишқ, пул Душанбе”-ро таҳия кард, ки аз 100 қисм иборат буд. Кашфиёти сериали мазкур ин ҳунару истеъдоди хуби Амина Ҳафизова аст, ки мавсуф ба воситаи ин филм роҳи ояндаашро сохт ва ҳоло қадамҳои устувор мегузорад.
Амина Ҳафизоваро ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 23 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд. Ӯро ҳамчун ҳунарпешаи ҷавон мешиносанд, дӯст медоранд ва ҳар тарҳи эҷодиашро мунтазир мешаванд. Ӯ як духтари одӣ аз оилаи одист, ки бо орзуҳои калонаш зиндагӣ мекунад, ба онҳо боварӣ дорад ва барои амалишавии мақсаду ҳадафҳояш кӯшиши зиёд мекунад.

Бояд гуфт, ки ба наздикӣ Амина яке аз барандагони ҷоизаи “ТОП-50”-и радиои “Ватан” гардид ва чун муваффақиятҳои ӯ хеле зиёданд, ба хулосае омадем, ки донистани зиндагии пеш аз машҳур шуданаш барои мухлисон шавқовар хоҳад буд.

Мо бо Амина Ҳафизова суҳбати кӯтоҳ доштем ва ӯ пас аз шунидани саволи мо бо табассуми ба худаш зебанда чунин посух дод:

- Ман чанд сол дар маркази дилхӯшии “Аладдин” ҳамчун аниматор кор мекардам. Ба мардум, хусусан ба кӯдакон фараҳу шодӣ мебахшидам. Як ҳамкорам, ки дар студияи назди Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский нозукиҳои ҳунари театриро меомӯхт, маро ба театр бурд. Бо тавсияи ӯ ман ҳам ба омӯхтан оғоз кардам ва дигар робитаамро накандам. Ҳамин тавр, аз Фирӯза Орзуева санъати суханварӣ, аз Хуршед Мустафоев маҳорати актёрӣ ва аз Ваҳоб Дӯстов ҳаракатҳои саҳнавиро омӯхтам. Ёдам ҳаст, ки соли аввалин нақшро дар театр соли 2019 дар намоиши солинавӣ нақши “Барфак”-ро иҷро карда будам.
Чун Амина Ҳафизова асосан ба воситаи силсилафилми “Ишқ, пул Душанбе” шинохта шуд, лозим донистем доир ба он ҳам пурсем, ки чунин посух дод:
- Баъди иҷрои нақшҳо дар театр коргардони ҷавон Набиҷон Пирматов аз ҳунарманди театри мо Шуҳрат Раҳматуллоев барои ба наворгирии филми наваш як ҳунарманд хостаанд. Кӯтоҳи гап, Шуҳрат Раҳматуллоев ба Набиҷон Пирматов маро пешниҳод мекунанд ва мо рӯзе вохӯрда, ман баъзе саҳнаҳоро барои санҷиш бозӣ кардам ва ҳамин тариқ, пас аз чанде корро шурӯъ кардем.
Ҳоло Амина дар силсилафили “Хусури ман” нақш офарида истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД