toyota motors
Ҷанҷоли Юлдуз Усмонова бо яҳудиён дар Амрико
299

Ситораи дурахшони эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова мебоист рӯзи 9-уми май дар Амрико барномаи ҷолиби консертӣ баргузор менамуд, вале ҷамъияти яҳудиёни ИМА бар зидди ин ҳунарманди машҳур бархоста, талаб намудаанд, ки ин консерт баргузор карда нашавад.

Барномаи консертии Юлдуз Усмонова мебоист дар театри Oceana, ки яке аз марказҳои фарҳангии Бруклин мебошад, баргузор мегардид, аммо чанд рӯз қабл аз барнома намояндагони ҷамъияти яҳудиёни Амрико бар зидди сароянда бархоста, Юлдуз Усмоноваро ба яҳудибадбинӣ гунаҳкор намуданд ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ лағви консерти ин ҳунарманди машҳурро талаб карданд.

Ниҳоят, имрӯз дар саҳифаи фейсбукии театри Oceana хабаре нашр гашт, ки консерти Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова баргузор нахоҳад шуд.

"Консерти Юлдуз Усмонова, ки бояд 9-уми майи соли 2026 баргузор мешуд, лағв шуд. Тамошобинони муҳтарам, баргардонидани маблағи чиптаҳо дар ҷойи хариди чипта имконпазир аст. Барои нороҳатиҳо узр мехоҳем",- омадааст дар хабар.

Тавре daryo.uz навиштааст, яҳудиёни Амрико Юлдуз Усмоноваро ба он гунаҳкор кардаанд, ки соли 2021 бо нашри чанд навори видеоӣ аз мардуми Фаластин пуштибонӣ намудааст ва талаб кардаанд, ки барои ин амалаш сароянда аз яҳудиён расман узр пурсад, вале ин сарояндаи машҳур дар ҷавоб бо нашри як навори видеоӣ гуфтааст, ки аз касе бахшиш пурсиданӣ нест ва мардуми Фаластин бояд озод бошанд.

“Амрико - ин Исроил нест, вале вақте яҳудиён дар шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, ба интихобот ва сиёсати ин давлат дахолат мекунанд, ин ҳам барои мо як плюс аст. Бигзор онҳо эътирози худро идома диҳанд. Агар шумо, яҳудиён ва саҳюнистҳо, фикр мекунед, ки ман бахшиш мепурсам, сахт иштибоҳ мекунед",- гуфтааст Юлдуз Усмонова.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД