arzon replenishment
АНОНС: ШАВҲАРИ МАСТАМ КӮДАКАМРО МАЪЮБ КАРДУ АЗ БАҲРАШ ГУЗАШТ
1645

 

 

...Аз байн 3 соат гузашт. Ӯ шароб нӯшида, калавида-калавида ба хона омад. Рост ба ҳаммом рафту баъди ин омада, дар паҳлӯи ман дароз кашид. Бо гиря хеле ҳамроҳам суҳбат кард. Таассуф мехӯрд, ки модараш фиребаш доду зиндагиашро вайрону киссаашро холӣ кард. Дар ин миён чанд бор духтарчаи дуюмам, ки акнун семоҳа мешуд, гиря кард...

Қисса асоси воқеӣ дорад ва шакли пурраи онро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯё шавед!

Айнӣ: Ҷиянҳои мулло Азизбеки 18-соларо мурдакӯб карданд

...Модараш хун мехӯрад, гиряву нола мекунад, худро ба ин тарафу он тараф мезанад, вале чӣ чора, ки аз марг ҷои гурез нест. Азизбек санаи 3-юми август бояд ҳуҷҷатҳояшро ба шаҳри Душанбе оварда, ба Донишгоҳи аграрӣ месупорид, аммо ин сана санаи маргаш шуд. Ин байти зерро Азизбек дар зери як аксаш навишта, онро шиори худ дар зиндагӣ унвон кардааст:

Набарди рӯ ба рӯи душманони мард мардам кард,

Зи лутфи дӯстони нонии номард метарсам...

Чаро ҷиянҳои мулло Азизбекро лату кӯб карда, сабабгори марги ӯ шуданд? Тафсилотро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила” бихонед!

Саидаи Сироҷиддин бо клипи нав аз худ дарак дод

... Он замон овозаҳое паҳн шуда буданд, ки гӯё Саида шавҳар кардаасту ҳамсараш дигар намехоҳад, ки ӯ дар саҳна ҳунарнамоӣ кунад. Овозхон бори аввал дар синни 17-солагиаш бо суруди “Ана, гул боғи ба боғ” рӯйи саҳна омада буд ва дар муддати кӯтоҳ бо рақсҳои ҷаззобу ҳаракатҳои мафтункунандааш доираи мухлисонашро пайдо кард. Он вақтҳо зуд-зуд клипу сурудҳои худро нашр мекард ва дар ин мобайн як муддат аз саҳна канор рафт...

Тозатарин хабарҳои олами шоу-бизнеси дохилу хориҷро аз саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила” мутолиа кунед!

“Агар пул надиҳӣ, аксҳои урёнатро ба интернет мепартоям”,-гӯён, ошиқаш Суманро таҳдид мекард

...Ошиқам дар даруни об ким чӣ хел дору андохта будааст. Дунё дар пеши чашмам чарх мезад. Баъди ин аз ҳуш рафтам ва дигар чизеро дар ёд надорам. Вақте ба худ омадам, дар даруни пахтазор урён мехобидам. Мусъаб дар ягон ҷо набуд. Фаҳмидам, ки номард маро таҷовуз карда гурехтааст. Дар танҳоӣ хеле гириста, аз ишқи сархӯрам сахт пушаймон шудам...

Тақдири Суман чӣ мешавад? Агар донистан хоҳед, ҳафтаномаи “Оила”-ро пайгирӣ кунед!

Ошиқонро дар моҳи август чӣ интизор аст?

...Ба назар чунин мерасад, ки шумо дар интихоби бахт пайваста ба хатогӣ роҳ медиҳед. Ошиқи шайдо будани худро бо ҷидду ҷаҳд нишон доданӣ шуда, гирифтори муноқишаҳои ҷамъиятӣ мешаведу кор бо ҷудоӣ анҷом меёбад. Бар замми зиёд шудани меҳру муҳаббат, асабӣ ҳам мешавед. Моҳи август барои баргузор намудани маъракаҳои арӯсӣ, хостгорӣ, фотиҳа ва ақди никоҳ созгор нест...

Бурҷи худро интихоб намуда, толеъномаи ошиқонаатонро аз ҳафтаномаи “Оила” бихонед ва огоҳ бошед, ки ин моҳ бо шумо чӣ ҳодиса рух медиҳад.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила».

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД