sebiston july new
Анонси шумораи №4-уми ҳафтаномаи “Оила”
1539

Дар шумораи №4-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Бонуи сартарош” маводе аз пайроҳаи зиндагии як бонуи сартарош дарҷ гардидааст, ки феълан дар осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм” ба ҳайси сартарош фаъолият менамояд.

Сарлавҳаи рубрикаи “Зан ва мард” таҳти унвони “Дугонаам шавҳарамро кашида гирифт” фикру ақидаи бонувонро оиди бевафоии дугонаҳо баён менамояд. Мавзӯи интихобнамуда характери тарбиявӣ дошта, бори дигар бонувонро ба андеша водор менамояд, ки дар зиндагӣ дӯстро аз душман бояд фарқ кард.

“Дарди дили зани дуюм” сарнавишти зане аст, ки нафаҳмида зани дуюми марде мешавад. Қиссаи мазкур бозгӯи он аст, ки дар ҷомеаи мо мардони фиребгару занҷаллоб зиёданд ва ин амали эшон боиси сарсониву саргардонии занону фарзандони зиёде мегардад.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Маъюбони гурӯҳи сеюм чӣ имтиёзҳо доранд?”, “Полезро дар кадом вақт оби ройгон диҳем?”, “Бе ваколатнома фарзандамро ба давлати дигар барам?” ва “Ба манзили падарам ҳақ дорам?” посухи адвокат дода шудааст.

Дар “Ошхонаи “Оила” ровӣ ва ҳунарманди маъруф Сабринаи Назрӣ барои мухлисони худ кабоби дегӣ омода месозад.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогери шинохта Шамсиддин Насриддинов мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “5 фоидаи ҳавои сард ба саломатии инсон” ва “Мошу лӯбиё мӯйро қувват мебахшанд?” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посухи намояндагони динро аз ҷониби Шӯрои уламои кишвар мутолиа намоед. Ҳамзамон ба саволҳои “Марди хатнанашуда имом мешавад?”, “Қиёмат рӯзи 10-уми муҳаррам фаро мерасад?”, “Маргу зиндагӣ дар дасти Худост”, “Дуо бо забони англисӣ ҷоиз аст?”, “Баҳона барои тарки ҷамоат” посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Аёдат” рӯзноманигори ҳафтанома ба дидорбинии ду ҳунарманди маҳбубу мардумии Тоҷикистон Марям Исоева ва Мастона Эргашева вохӯрд. Маълум шуд, ки ин ду устоди санъати тоҷик барои мухлисонашон армуғоне доранд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД