Muhojirati behatar
Аҳолии Хуросон зиёд мешавад
120

Соли равон 135 оила аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кӯчонида мешаванд, аз ҷумла аз ин теъдод аз шаҳри Бохтар 5 оила, ноҳияҳои Дарвоз 5, Ишкошим 10, Левакант 5, Кӯшониён 15, Восеъ 20, Темурмалик 10, Муъминобод 15, Кўҳистони Мастчоҳ 15 ва Тоҷикобод 5 оиларо ташкил медиҳад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021 то соли 2024 410 оила аз ноҳияҳои камзамин ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кӯчонида мешаванд, иттилоъ додааст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.

Тибқи иттилои манбаъ, 18 ноябри соли равон гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ ва сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода аз вазъи муҳоҷирати дохилӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Носири Хусрави вилояти Хатлон дидан карданд.

Гурўҳи кории мазкур бо масъулини мақомоти дахлдор масъалаи сари вақт кўчонидани оилаҳо ба маконҳои зикршуда, рафъӣ камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта суҳбат намуда, доир ба иҷрои қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД