formula55
Апа, хонавайронам накун!
03.06.2023
ОИЛА
4218


Ман як марди зандору кӯдакор ҳастам, ки имрӯз аз ноилоҷӣ чӣ кор карданамро намедонам. Дар тақдиру насиби оилаи мо чунин навишта шуда будааст, ки апаам бо фарзандонаш хонавайрон шуда, дар хонаи мо умр ба сар мебарад.

Ростӣ, оилаи мо аз ягон чиз танқисӣ надорад, бо тамоми шароитҳои ҳозиразамон таъмин ҳастем, вале апаам баъди хонавайрон шуданаш асабиву инҷиқ гашта, на танҳо падару модарам, балки ҳамаи аъзоёни оиларо ғам медиҳад. Апаам бо зани ман ҳам созиш карда наметавонаду ҳар рӯз бо баҳонае ҷангу ҷанҷол карда, хӯроки мехӯрдаамонро заҳр мекунад. Ба ҳама кору рафтори занам кордор шуданаш бас набуд, ки боз фарзандонамро бадбинӣ карда, дашному ҳақорат мекунад.

Рӯйи хотири фарзанди падар буданаш ман ба ӯ гапи пасту баланд гуфта наметавонам. Бачаи кенҷагӣ намебудам, кайҳо зану фарзандонамро гирифта, баромада мерафтам, вале андешаи он ки ҳоли волидонам бо духтари беандешаашон чӣ мешавад, маро аз роҳ мегардонад. Медонам, ки ҳар ҳафта ҳафтаномаи “Оила”-ро мутолиа менамояд, аз ин рӯ, мехоҳам аз фурсут истифода бурда, ба апаам гуфтан мехоҳам: Апаҷон, ман туро эҳтиром мекунам, вале илтимос, маро хонавайрон накун!
Д.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Махлиси газета 2023-06-03, 14:46
Ягон муйсафеда ёфта апатона ба онкас дех хам савоб хам аз бало халос мешави бародари азобкашида.
Посух
Софья 2023-06-07, 19:06
В лицо ей говори!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Махлиси газета 2023-06-03, 14:46
Ягон муйсафеда ёфта апатона ба онкас дех хам савоб хам аз бало халос мешави бародари азобкашида.
Посух
Софья 2023-06-07, 19:06
В лицо ей говори!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД