sebiston july new
Арабистони Саудӣ 300 сола шуд!
862

Имсол аз таъсисёбии кишвари Арабистон 300 сол гузашт. Тавре гуфта мешавад, ҳамасола 22 феврал рӯзи таъсисёбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҷлил мегардад.

Дар ин бора дафтари матбуотии сафорати Арабистон дар Тоҷикистон ба Оила тҷ хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ин санаи таърихӣ дар асоси қарори нав аз тарафи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҳамчун Рӯзи таъсисёбии кишвар қабул шуда, таҷлил мегардад.

Санаи мазкур зери унвони “Рӯзи таъсисёбӣ” унвон шуда, таърихи он ба соли 1139 ҳиҷрӣ баробар бо 22 феврали 1727 мелодӣ ба аҳди Имом Муҳаммад ибни Сауд рост меояд, ки онро “ал-Диръия” эълон карданд.

Дар таърихи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ рӯзи сарнавиштсозе маҳсуб ёфта, робитаи шаҳрвандро бо раҳбарият мустаҳкам ва пояҳои ваҳдату амниятро дар кишвар устувортар месозад, ки он дар эҳёву рушди ҳамаҷонибаи кишвар дар асри муосир саҳми арзанда мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД