Қариб ним миллион сокинони Ғазза бар асари қаҳтии шадид ва гуруснагӣ дар остонаи марг қарор доранд. Тибқи гузориши ахири Созмони Милали Муттаҳид, буҳрон ҳафтаҳои оянда ба Дайр ал-Бала ва Хон Юнис паҳн мешавад.
Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид вазъро "фалокати сунъӣ ва нокомии башарият" номида, таъкид кардааст, ки Исроил ба унвони як қудрати ишғолгар муваззаф аст мардумро бо ғизо ва дору таъмин кунад. Антониу Гутерриш талаб кардааст, ки оташбаси фаврӣ эълон шуда, гаравгонҳо раҳо карда шаванд ва дастрасии комил ба кумакҳои башардӯстона барқарор гардад.
Муовини Дабири Кулли СММ Том Флетчер низ қайд кардааст, ки гуруснагӣ волидайнро маҷбур мекунад интихоб намоянд, ки кадоме аз фарзандонашонро хӯронанд. Флетчер даъват кардааст, ки бояд ҳама гузаргоҳҳо боз шаванд.
Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ФАО, ЮНИСЕФ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додаанд, ки то охири моҳи сентябр 640 000 нафар дар ҳолати фалокатбор қарор хоҳанд гирифт ва беш аз 12 000 кӯдакон аллакай аз норасоии шадиди ғизо азият мекашанд.
Системаи тандурустӣ дар арафаи харобшавӣ қарор дорад: оби тоза нест, бемориҳои сироятӣ афзоиш ёфта, дарунравӣ ва табларза дар байни кӯдакон ба мушоҳида мерасад. Волкер Тюрк, комиссари олӣ гуфтааст, ки маҳдудсозии кумакҳоро аз ҷониби Исроил метавон ҳамчун ҷиноят арзёбӣ намуд.
Аммо Исроил ҳамла ба Ғаззаро идома дода, амалиёти навро барои озод кардани гаравгонҳо эълон кардааст. Нетаняҳу таъсиси давлати Фаластинро рад мекунад, дар ҳоле ки Ҳамос хатми ҷанг ва эътирофи Фаластинро талаб менамояд. Аз моҳи октябри соли 2023 беш аз 62 600 фаластинӣ дар ҷанг кушта шудаанд.