goodwell
Арӯси раис (ҚИСМИ 1)
34

Хуршед бо зану фарзандонаш ба ҳавопаймо аз давлати Араб ба Душанбе нишасту якбора дар ҳамшафаташ Заринаро бо шавҳараш ва ду писараш дида, лаҳзае худро гум кард. Қариб дод зада гӯяд: “Ай бевафо, зиндаӣ?”. Аммо ғурураш нагузошту худро ношинос вонамуд карда, бо ҳамсараш гарму ҷӯшон суҳбат кард.

Ҳамсараш, ки Заринаро намешинохт, бепарво бо шавҳар гап мезад. Зарина ҳам вақте Хуршедро дид, мехост аз пушаймонӣ дод гуфта, ӯро ба оғӯш кашида, бахшиш пурсад. Он қадар ӯ пушаймон буд, ки ҳисоб надошт. Вале ҳар як инсон бояд ҳамеша донад, ки пушаймонии дер омада дигар суде надорад.

Ин дам шавҳари Зарина - собиқ раиси райпо ба Хуршед нигариста, зуд ӯро шинохт. Шарм кард, ки салом диҳад.

Зарина зани Хуршедро сар то по нигоҳ карда, бо худ муқоиса намуда, ба худ гуфт: “Ман зеботарам аз занат, Хуршед. Ту танҳо маро дӯст медорӣ”.

Хуршед ин дам дилаш бо Зарина буду худро бепарво нишон медод.

Зарина аз дил гузаронид: “Хуршед магар дар Дубай кор мекарда бошад? Ва ё шояд бо зани безебакашу кӯдакҳо тамошо омадагист. Агар ҷудо намешудем, ин вақт мо якҷоя будем”.

Хуршед он рӯзҳои ширину талхро пеши рӯ овард. Ӯ бо Зарина дар тӯйи як ҷӯрааш шинос шуда буданд. Зарина ниҳоят соҳибҷамол, мавзунқомат ва мафтункунанда буд. Бо як нигоҳ ошиқаш шуд. Ҳарду бо ҳам шинос шуда, ба якдигар рақами телефон доданд. Он солҳо акнун ба ватан телефони мобилӣ ворид шуда буд ва на ҳама телефони мобилӣ доштанд. Онҳо дар ноҳия тез-тез вомехӯрданд, ба сайри пойтахт мерафтанд.

Хуршед ба хонаи онҳо хостгор фиристод. Тӯйу тамошо карда, арӯси зеборо ба хонаводаи Хуршед бурданд. Келинчаки нав чунон худро орову пардоз медод, ки хурду калон дар деҳа аз дидани ин ҳама зебоии ӯ ҳавас мебурданд.

Хуршед дид, ки ҳамсараш сахт танбали ноуҳдабаро асту мехоҳад хонаи алоҳида дошта бошанд. Занаш бешармона шарт гузошт, ки “агар хона нахарӣ алоҳида дар пойтахт ё ноҳия, баромада ба хонаи падарам меравам. Ман дигар бо падару модари ту зиндагӣ карда наметавонам. Хоҳӣ, ҳамин хел маро қабул кун, нахоҳӣ, ман дигар сабр надорам, баромада меравам”.

Хуршед, ки ҳамсарашро аз таҳти дил дӯст медошт, ноилоҷ бо як ҷӯрааш, ки дар Русия зиндагӣ мекард, маслиҳат карда, ба муҳоҷират рафт, то пул кор карда, аз ноҳия хонаи алоҳида бихарад.

Ӯ ба муҳоҷират рафту рафтори арӯси нав хеле дигар шуд. Аз хусуру хушдоманаш напурсида, “ман хонаи очаам меравам” гӯён мерафту баъди як рӯз меомад. Соатҳо бо телефон дар ҳуҷраи хобаш чақ-чақ карда менишаст.

Раиси райпои ноҳия боре ӯро дар ними роҳ бо мошинаш ба хонаи модараш бурду ба ин арӯсаки ниҳоят зебо ошиқи зор шуд. Ҳарчанд соҳиби зану панҷ кӯдаки кӯчак ҳам бошад. Раиси райпо он солҳо бисёр пулу шиносҳои вазифадор дошт. Одамон ба ӯ хушомад мезаданд. Аниқтараш, метарсиданд. Чунки ӯ ба воситаи пул ҳама корро мекард.

Заринаи пулпараст ба худ фикр кард, ки ӯро фиреб дода, пулҳояшро мехӯраду сипас мисли собиқ хушдорҳояш мепартояд. Шавҳараш дар муҳоҷират, аз куҷо мефаҳмад? Андеша намекард ин ҷавонзани беақл, ки магар Худо намебинад? Магар кори бад зуд рӯ намезанад? Магар ғариву дуздӣ тез овоза намешавад?

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД