arzon replenishment
Арӯси ваҳшӣ Қисми 1
1799

 

Ҳусния шабе хоби даҳшатноке дид. Ӯ дар хоб дид, ки дар як пуштаи куҳе қарор доранду Ғайрат ӯро ба зӯрӣ таҷовуз карданӣ аст.

Ҳарчанд нею нестон карда бошад ҳам ва баъди чанд рӯзаки дигар ҷашни арӯсӣ доштанашонро таъкид кунад ҳам, ҷавон ба ин суханҳо эътибор надода, баъди кашмакашҳои зиёде ӯро ба зӯрӣ ба замини алафзор хобонида, ба номусаш дастдарозӣ кард. Баъди ин кор тамоми ҷисму ҷони духтар месухту абгор гардида буд. Дар хобаш ҷавон тамоми либосҳояшро дар баданаш пора намуда буд, мисли ҳайвони ваҳшӣ. Бо либоси нимурён ва чашмони пурашк духтар аз ҷояш хесту намедонист чӣ кор кунад ва ба куҷо равад. Дар ин вақт чашмаш ба Ғайрат афтод, ки ба ҳолаш бо истеҳзо писханд мезаду аз кори кардааш қаноатманд буд. Духтар бо нафрат сӯйи ҷавон туф карда, мехост, сӯйи хонаашон равон шавад. Аммо ҷавон ӯро бори дигар ба замин хобонд ва бо зӯрии зиёд дубора коми дил ситонид. Духтар нафастанг гардида, аз зӯрии дарди ҷонкоҳ беҳуш гардид. Аз ин хоби пурдаҳшат бедор гардида, ҷисмашро хаставу бемадор дарёфт. Асабҳояш харобу табъаш хира, нафас дар гулӯяш печида буд. Муддати зиёде ба худ омада натавонист. Ҳарчанд мехост, ки аз ҷояш бархезад, аммо тамоми ҷисмаш дардманду ранҷур буд. Бо асаби хароб ва бо азобе аз ҷояш бархест, сараш чарх мезад. Ба берун баромад, ки касе аз хонагиҳояшон набуданд. Ногоҳ чашмаш ба модараш афтода, инони гиряро сар дод:
-Очаҷон, ман Ғайратро намехоҳам. Ҳозир хоб дидам, ки ӯ маро таҷовуз кард. Ман ӯро чашми дидан надорам.
-Магар одам ба хобаш бовар мекунад, беақлаки ман. Ғайрат бачаи беозор аст,-гуфт модар духтарашро ором кунонида.
-Вай беозор нест, маро чунон азоб дод, ки то ҳол тамоми ҷонам дард карда истодааст.
-Гапро кам карда, тайёриатро бин.
-Оча, ман зани ӯ намешавам, ҳеҷ гоҳ!

 

Арӯс ё даранда?
Тӯйи арӯсии Ҳуснияву Ғайрат оддиву хоксорона гузашт. Шаби аввали арӯсӣ фаро расид ва духтарро ғам фаро гирифт. Ғайрат ба ӯ наздик шуду Ҳуснияро даҳшат фаро гирифт. Домод мехост арӯсашро навозиш кунад. Аммо Хусния шавҳарашро ба худ наздикшавӣ намемонд. Ҷавон ҳарчанд кӯшиш кард, ки арӯсашро болои бистари арӯсӣ хобонад, аммо Ҳусния бо тамоми қувват муқобилият мекард.
-Азизакам ба ту чӣ шуд? Чаро маро намехоҳӣ?
-Ман метарсам, ба ман наздик нашав.
-Мардум чӣ мегӯянд, беақл? Чӣ хел метавонам ба зани никоҳии худам наздик нашавам?
-Ман аз ту сахт метарсам, ту дар хобам маро таҷовуз кардӣ.
-Ҳоло ҳам маҷбурам, ки таҷовузат кунам,-гуфта, домод либосҳояшро баровардан гирифт ва наздик омада, либоси Ҳуснияро низ аз танаш бо зӯрӣ кашидан гирифт.
Ниҳоят либоси Ҳуснияро дарронда аз танаш кашиду бо тамоми қувват ӯро ба ҷогаҳ кашола карда овард. Арӯсро даҳшат фаро гирифта буд ва он лаҳзаи хобаш пеши назараш ҷилвагар шуд. Пеши назар он рафтори манфури дар хобаш дида ва дарди ҷисмаш низ падид омад. Бо чашмони даҳшатзада менигаристу Ғайратро тавалло мекард, ки ин корро накунад. Аммо Ғайрат ин таваллои ӯро нозу нузи духтарона пиндошта, мехост аз лабони арӯсаш бӯсаҳо ситонад. Ҳусния авзои беҷо дошт ва нимхез шуда, тамоми бадани домодро газидан гирифт. Ғайрат, ки аз зарби дандони Ҳусния ҷонаш ба дард омада буд, яке ҳушёр шуда, аз афти ваҳшимонанди арӯсаш тарсид. Ҳусния ҳамоно ба шавҳараш дарафтода, бадани урёни ӯро ҳам мегазиду ҳам мехарошид. Аз ҷойи пайи нохуни Ҳусния хун мешорид…
Ғайрат хунро дида, ба даҳшат афтода буд. Ҳарчанд мехост дастони Ҳуснияро дорад, аммо намешуд. Ин лаҳза арӯс ба дарандае, ки ташнаи хуни сайдаш аст, монанд гашта буд ва дар бадани домод дигар ҷойи ободӣ набуд. Аз ҳарбу зарб ва бардорузан Ғайрат хаста гашт. Дигар мадори дасту пойи домод хушк гардида буду қуввати муқобилиятро надошт. Ҳусния бехудона ҳамоно мегазиду мегазид ва оромиро намедонист. Он лаҳза чунон қувваи аҳримание арӯсро фаро гирифта буд, ки ҳатто пурқувваттарин дасту бозу ҳам наметавонист боздорадаш. Ғайрат ниҳоят аз ин даҳшати гушношунид талхакаф гардида, дилаш тоб наовард ва бемадорона зери пойи арӯс ҷон дод. Аммо арӯс ҳамоно ором намегирифт ва то худаш хаста гардидан ҷасади беҷони домоди бечораро абгору хуншор намуд. Дар берун бошад садои доду фиғон ба гӯши янгаҳо ҳам мерасид. Аммо онҳо ин корро мисли ҳодисаи муқаррарии ҳамаи домоду арӯсон пиндошта, гумон мекарданд, ки Ҳусния ба осонӣ тан доданӣ нест ва аз ин хотир, бардорузану ҳаёҳӯй карда истодааст. Баъзан садои хандаву гиреви арӯсро шунида, ҳатто шарм медоштанд, ки барои духтари бешарми хешашон чаро янга шуданро ба гардан гирифтанду пагоҳ шояд шарманда мешаванд. Онҳо гумон карданд, ки Ҳусния бокира нест, аз ин хотир намегузорад, ки домод аз ӯ коми дил ситонад. Садои норозигиҳои домод низ ба гӯшашон расид. Ғайрат ҳатто дар берун будагонро ба ёрӣ даъват намуд. Аммо касе ба ин садоҳо сарфаҳм нарафта, ҳама гумон карданд, ки мушкилии шаби арӯсӣ аст. Ниҳоят домоду арӯс хомӯш гаштанду берунбудагон низ нафаси осуда кашиданд. Янгаҳо гумон карданд, ки домоди нав ба мақсади дилаш расидааст.

 давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Баки 2023-10-05, 01:23
Бечорахак сих накарда чонуш брмай 🤣
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Баки 2023-10-05, 01:23
Бечорахак сих накарда чонуш брмай 🤣
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД