Шаби тобистонӣ буд. Парвонаи наварӯс танҳо дар ошхона ордро элак карда, камтар обу намаку равған рехту хамири кулча шӯрид. Аммо ногаҳ дилаш такон хӯрд, гӯё сояе аз пушташ гузашт.
Ӯ ба қафо нигарист, дар баста буд, ҳеҷ кас набуд, вале нафасаш қатъ мешуд. Сояи худи ӯ ба девор афтода, мисли зинда ҷунбид. Дастонаш аз хамир ҷудо шуданд, орд ба ҳаво парид. Бо овози ларзон гуфт:
- Худоё, мадад намо, ин чӣ буд-а!?
Ин дам садои баланди ӯро шавҳараш Камол шунида, бо шитоб вориди ошхона шуд ва бо ҳайрат пурсид:
- Парвона, чӣ шуд?
Ӯ бо чеҳраи тарсомез ба девор ишора кард ва гуфт, ки соя ҳаракат кард.
Камол гуфт, ки ҳеҷ чиз нест, шояд чароғ чунин нишон дод, натарс.
Вале дили Парвона ором нашуд. Аз ҳамон шаб тарс дар вуҷудаш реша давонд, дигар танҳо ба ошхона намерафт, садои ҳар табақ, ҳар шамол ӯро ба ваҳшат меандохт, шабҳо бо доду гиря бедор мешуд ва мегуфт:
- Камол, касе маро аз мӯям кашид.
Камол ба ташвиш афтода, ӯро ба назди табибони халқӣ бурд, аммо ҳеч чиз фоида накарду Парвона ба худ намеомад.
Парвона худ ба худ гап мезадагӣ шуд. Камол хаста мешуд, ба модараш Зайнура гуфт:
- Модар, ман тоқат надорам, ҳар рӯз гиря, ҳар шаб доду фиғон.
Зайнура бо чеҳраи пур аз меҳр ҷавоб дод:
- Фарзанд, зиндагӣ танҳо барои рӯзҳои хуш нест. Агар имрӯз Парвона бемор аст, ту ҳақ надорӣ ӯро партоӣ. Мо бояд сабр кунем.
Камол асабҳояш гоҳо гиреҳ мезаданд. Парвона шабона бо гиря аз хоб бармехост ва мегуфт:
- Набаред маро! Садоҳо маро фаро гирифтанд, ман мурдаам, ман вуҷуд надорам...
Камол ӯро ба оғӯш гирифта, мегуфт:
- Ҳеҷ гоҳ намегузорам, ту танҳо нестӣ, ман бо ту ҳастам.
Вале беморӣ сахттар мешуд. Як рӯз наварӯс бо ашк ба Зайнура гуфт:
- Модарҷон, шояд беҳтар аст ман набошам, зиндагии шуморо заҳр кардам.
Зайнура сахт гиря кард ва гуфт:
- Ҳеҷ гоҳ чунин нагӯ, духтарам, зиндагӣ бе ту маънӣ надорад, ту рӯшании ин хонаӣ, бо ҳазор орзу туро келин кардаам.
Парвона мисли кӯдак дар оғӯши хушдоманаш гиря кард.
Пас аз моҳҳо ӯ розӣ шуд ба назди равоншинос равад. Гуфт, ки “ман намехоҳам чунин зиндагӣ кунам, мехоҳам сиҳат ёбам”.
Духтур гуфт:
- Қадами муҳим ҳамин аст, ту бояд бо беморӣ мубориза барӣ.
Равоншинос бо Камолу модараш дар алоҳидагӣ суҳбат карда, гуфт:
- Васвос яке аз нишонаҳои асосӣ ва маъмулии бемориҳои рӯҳӣ мебошад. Он одатан, бо тарс, мушаввашхотирӣ, афсурдарӯҳӣ, галлютсинатсия, тирагии ақл ва ғайра падид меояд. Ба ин гуна беморон фаҳмонидани ягон масъала ё сухан хеле душвор аст. Агар ба «ҷои дардманд»-и онҳо нарасанд, ягон нишонаи беморӣ ҳис карда намешавад. Касе, ки ба бемор ягон чизро исбот кардан хоҳад, «душман»-и ҳамешагии ӯ мегардад. Беморӣ асосан шомгоҳон ва шаб хуруҷ мекунад. Бинобар ин, дар ин ҳангом онҳоро аз назар дур мондан мумкин нест. Васвоси боқимонда бар асари психозҳое, ки бо тирагии ақл ҷараён гирифтаанд, падид меояд. Метавонад аз чанд ҳафта то чанд сол давом ёбад. Беморони гирифтори васвос бояд ҳатман ба диспансери психиатрӣ фиристода шаванд. Маризони параноиди шадидро дар беморхона бистарӣ кардан лозим аст.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН