sebiston july new
Артучи Панҷакент: Мурдаро аз гӯр бароварданд!
8831

Ҷасади Наргис Юнусова, арӯсаки шашмоҳаи зарафшониро барои ташхиси такрорӣ аз гӯр бароварданд. Дар ин бора бо шарти пинҳон доштани ному насабаш як сокини деҳаи Артуч ба сомонаи Оила ТЧ хабар дод.

Ёдрас мешавем, ки марги пурмуаммои ин келинчаки ноком дар байни ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Пайвандони шавҳараш марги Наргиси номуродро худкушӣ унвон намуда, гуфтаанд, ки келинашон дар оғилхона худро ба дор овехтааст.
Аммо волидон ва хешу табори ин арӯси ноком ба худкушӣ кардани ӯ бовар надоранд. Ба гуфти пайвандони Наргис мурдашӯйҳо ҳангоми шустани ҷасад дар гардани маит изи кабуд ва дар танаш боз чандин осори зарбу латро пайдо намудаанд, ки аз худкушӣ накардани Наргис далолат менамояд.
“Баландии оғилхона 1 метру 54 сантиметр, қади духтар бошад, 1 метру 70 сантиметр аст, чи гуна вай метавонист дар он ҷо худро ба дор овезад?” мегӯянд хола ва тағои Наргиси ҷавонмарг.
Модари Наргис дар сӯҳбати видеоӣ бо хабарнигорони сомонаи Оила тч дарду доғи дилашро қисса карда, гуфта буд, ки дар сурати ба додаш нарасидани мақомотҳои маҳаллӣ ӯ ҳатман ба президенти мамлакат арз хоҳад кард.
“Гумон меравад, ки ин арзи модар ба гӯши додгустарон расида, ҷиддӣ аз паси таҳқиқӣ ин ҳодиса шудаанд. Барои аниқ кардани сабаби марги Наргис Юнусова ҷасади арӯсакро дубора аз гӯр бароварда, эксгуматсия карданд” мегӯяд яке аз ҳамдеҳагони ин арӯси номурод.
Хабари аз гӯр баровардани Нагисро боз чанд нафари дигар, ки бо ин хонавода ошноӣ доранд, бо шарти ошкор накардани ному насабашон тасдиқ намуданд.
Умедворем, ки ҳақиқати марги ин келинчаки бегуноҳ рӯйи об баромада, гунаҳкорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Ахмедов 2019-07-04, 13:20
Агар ташхису таҳқиқи дуруст баранд, ҳақиқиат ошкор хоҳад шуд. Барои ин бояд прокуратура назоратро аз болои тафтишоти нав сахт кунад Вагарна, дар ин ҷо ҳар хел ҳодиса шуданаш муикн. Набояд гунаҳгорон (агар бошанд) беҷазо монанд
Посух
Х. Исмоилзода 2019-07-05, 20:28
Ин хама бесарию берун аз чорчубаи одамият, касири дур аз тарбияи дини- маърифатист! Маколе хаст дар руси: чисто не там, где убирают,- а там, где не сорять! Баргардонед ин матнро ба хар холе, ки пеш ояд (илочи вокеъа пеш аз вуеуъ, ва м. иннхо...) Ба чои он, ки гуноху гунахкорро кобем, бояд чорахо дид, то дар оянда чунин амалхои зишт такрор нашаванд:- пропаганда ва тарбияро аз сари нав огоз кард!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД