sebiston july new
Асадбек Маннонов чемпиони ҷаҳон шуд
1158

Ин ҷавон аввалин қаҳрамони тоҷик дар ҷаҳон оид ба ҳунарҳои омехтаи размӣ ( ММА) гардид.

Варзишгари ҷавони тоҷик Асадбек Маннонов дар Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб аввалин медали тиллоро дар намуди ҳунарҳои омехтаи размӣ (ММА) ба даст овардааст. 

Тавре ки манбаҳо менависанд, ин варзишгари тоҷик дар вазни беш аз 120 кг баромада карда, дар даври нимниҳоӣ (полуфинал) варзишгари рус Дмитрий Бобоевро дар даври дуюм шикаст дода ба финал баромадааст. Дар даври финали ҷавони тоҷик варзишгари украини Никита Сибюлиро мағлуб намуда, ғалаба ба даст оврад ва соҳиби медали тилло гашт.


Асадбек Маннонов баъди муҳориба изҳор доштааст, ки аз тоҷик буданаш ифтихор мекунад ва хеле хурсанд аст, ки тавонист бо сари баланду рӯйи сурх кишвари худро дар чунин чорабинии варзишӣ муаррифӣ намояд.
“Хеле хурсандам, зеро бо иштироки худ дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба MMA таҷрибаи зиёд касб намудам. Ин натиҷа бароям дастоварди олӣ аст. Ин ғалаба барои кишвари ман, оилаи ман ва барои ман буд."-суханони ин варзишгари ҷавонро иқтибос варда,менавсаид “Хабар” (Новости)
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 500 варзишгар аз 60 кишвар ширкат намуданд. Варзишгарони дигари тоҷик - Беҳрӯз Хуршедзода (70 кг), Қосим Сардоров (77 кг) ва Ҷовидон Маҳмудов (77 кг) медалҳои нуқра, Ёқубҷон Сафаров, Муҳаммад Салоҳиддинов ва Бахтиёр Ҳусайнов (ҳарсе дар вазни 52 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтаанд.
Ин аввалин иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба ҳунарҳои мехтаи рамзӣ ММА буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД