Gazprom july 2025
Ҷасади духтарчаи ба дарё партофтаро аз Афғонистон ёфтанд
267

Ҷасади духтарчаи дусолаи тоҷик Ёсамин Абдуллохонзодаро, ки ҳафтаи гузашта модараш ӯро ҳамроҳи ду хоҳар ва як додарчаи навзодаш ба дарёи Сурхоб партофта буд, аз дарёи Панҷ дар ҷониби Афғонистон пайдо кардаанд.

Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон шоми 30-юми июн бо қасди худкушӣ худро ҳамроҳи 4 фарзанди хурдсолаш ба дарёи Сурхоб ҳаво дод, вале худи зан зинда монда, кӯдакони бегуноҳ дар дарё ғарқ шуданд.

Наҷотдиҳандагон ҳамон рӯз ҷасади Зайнаби 3-сола ва Муҳаммадҷони думоҳаро дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд, вале ҷисми беҷони Ёсаминро пас аз як ҳафтаи сар задани ин фоҷиаи мудҳиш аз дарёи Панҷ дар Афғонистон мардуми маҳаллӣ пайдо намуда, ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд.

Ҷасади Латофати 5-сола то ба ҳол пайдо нашудааст. Нисбати модари кӯдакон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, зан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД