Дар зиндагии одамӣ лаҳзае мешавад, ки пушаймонии охирин ном дорад. Он вақтест, ки ту мехоҳӣ бигӯӣ, мехоҳӣ бибӯсӣ, мехоҳӣ бахшиш пурсиш кунӣ, вале дар муқобилат танҳо санги сарду хоки тира аст. Вақте падарам дар қайди ҳаёт буданд, ман дар ғафлати ҷавонӣ намефаҳмидам, ки ҳар як сонияи бо ӯ нишастан сари дастархони оилавӣ ғанимат будааст.
Он субҳи наҳс...
Ёдам ҳаст, субҳи барвақт буд. Ман, чун ҳамеша, саросема ба коргоҳ (ТВТ) мешитофтам. Бароям кор, мансаб ва вақт муҳимтар аз ҳама чиз буд. Вақте аз дар баромаданӣ шудам, падарам бо он овози хаста, ки имрӯз дар гӯшҳоям мисли оҳанги ҳасрат садо медиҳад, гуфтанд:
- Духтарам, як дақиқа ист, ҳамин себро пӯст канда, ба чор қисм тақсим карда деҳ, баъд бирав. Саҳар хӯрдани себ фоида дорад.
Ман бо зарда, бо чеҳраи гирифта ва бо дили нохоҳам ба наздашон омадам. Дар зеҳнам мегуфтам: Оҳ, боз ҳамин себхӯриву боз ҳамин кашолкорӣ.
Себро саросемавор пӯст кандам ва бутун дар тарелка гузошта, бе ягон сухан аз дар баромадам. Ҳатто ба рӯяшон нигоҳ накардам, ки дар чашмонашон чӣ меҳре ё чӣ дарде нуҳуфта буд.
Вақте ба кӯча баромадам, садои пасташон аз пушти дар маро таъқиб кард:
- Роҳи сафед, духтарам. Худованд нигаҳбонат бошад. Лекин, ҳамин себро чор булак накардӣ-да. Охир, ман дандон надорам, ки бутунашро бихӯрам.
Он вақт ман аҳамият надодам. Нафаҳмидам, ки падар на себ, балки як дақиқа дидани рӯи маро мехост. Нафаҳмидам, ки бо он дандонҳои рехтааш танҳо мехост ман каме бештар дар канораш бошам.
Дарди ҷонкоҳи имрӯз
Акнун солҳо гузаштанд. Падарам рафтанд. Дар хонаи ман себҳои зиёде ҳастанд, вале касе нест, ки барояш пӯст канам. Ҳар бор, ки себро мебинам, ҷигарам оташ мегирад. Мехоҳам фарёд занам:
Оҳ падар! Агар ҳозир танҳо як сония баргардед, ман на себ, балки қалбамро бароятон пора-пора мекунам. Агар медонистам, ки он охирин хоҳиши шумост, агар медонистам, ки он дастҳоятон дигар ҳеҷ гоҳ нони гармро намешикананд, ман аз он хона ҳеҷ гоҳ намебаромадам.
Имрӯз ашки ҳасрат ба дидагонам, мегӯям:
- Падарҷон, бубахш, ки дар ҳаққи дандонҳои рехтаат, дар ҳаққи мӯйҳои сафедат ва дар ҳаққи дили нозукат бераҳмӣ кардам. Он себи бутун дар тарелка мисли як кӯҳи гуноҳ то имрӯз дар гулӯи ман дармондааст.
Хитоб ба фарзандон
Эй фарзанде, ки имрӯз волидайнат дар канорат ҳастанд. Вақте падарат мегӯяд ист, ист.
Вақте модарат мегӯяд бинишин, бинишин.
Нагузор, ки мисли ман пас аз солҳо дар танҳоӣ бо себи пӯсткандаву ашки сӯзон бимонӣ.
Худовандо, равони падарони моро шод гардон ва ба мо тавфиқи қадрдонии зиндаҳоро бидеҳ.
Шаҳлои НАҶМИДДИН