formula55
Асрори “Кабоби дегӣ”-и Сабринаи Назрӣ
758


Ин навбат дар меҳмонии «Ошхонаи «Оила» яке аз чеҳраҳои машҳури фазои маҷозии кишвар, ровӣ ва ҳунарманди маъруф Сабринаи Назрӣ қарор доранд.

Биёед ҳамроҳ аз ҳунари кадбонугии Сабринабону бохабар мешавем.

- Сабринабону, мухлисонатон фаҳмидан мехоҳанд, ки бо вуҷуди серкорӣ барои ба ошхона сар халондану дегу кафлезро ба даст гирифтан вақт ҳам меёбед?
-Албатта, ҳолатҳое мешавад, ки аз пухтупаз ва дигар корҳои занона дур мешавам, вале ба ҳар сурат ман пеш аз ҳама хонум, ҷинси латиф будани худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Кӯшиш мекунам, ки ҳадди имкон ба тозагии хона ва маишати аҳли оилаамон аҳамият диҳам. Зан дар куҷое, ки набошад, бояд зан буданашро аз ёд набарорад!
-Ҳар субҳ бо кадом таъомҳо шавҳару фарзандонатонро шод мекунед?
-Худам, ки ширбиринҷро дӯст медорам, бештар ширбиринҷ мепазам. Бутерброд ва ҳасибчаю панир ҳам ба пайвандонам писанд аст.
-Хӯроки дӯстдоштаи Сабринабону чист?
-Аз таомҳои миллии худамон ош ва мантуро дӯст медорам.
-Ҳар шом ҷои хӯрокхӯрии шумову шавҳаратон куҷост? Ба тарабхона мешитобед ё ба хона?
-Мо одати тарабхона ба тарабхона гаштан надорем, агар ба ягон ҷо даъватӣ набошем, кӯшиш мекунем, ки дар хона хӯрок хӯрем.
-Кадом хӯроки шуморо шавҳаратон дӯст медорад? Лутфан тарзи таҳияашро ба мухлисон фаҳмонед.
-Аксари мардони тоҷик гӯштбирёнро дӯст медоранд, шавҳари ман низ гӯштбирён ва кабобро меписандад. Хусусан кабоби дегӣ, ки навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон аст, бо чунин тарз тайёр карда мешавад:
Аввал равғанро ба деги тасфон меандозанд. Гӯштро пора карда, ба дег андохта, бо оташи паст бирён мекунанд, пас аз он ки гӯшт сурх шуд, ба дег пиёзро пора карда меандозанд, то сурх шуданаш бирён мекунанд, картошкаро низ тоза карда, аз рӯи табъ пора мекунанд ва ба рӯи гӯшт меандозанд. Онро якҷоя накарда, даҳони дегро мепӯшонанд ва оташро паст мекунанд. Аз рӯи хоҳиш зира, кабудӣ, райҳони хушк ва ғайра илова мекунанд. Пас аз пухтани картошка ба табақ аввал картошкаро ва баъд гӯштро мекашанд. Пухтани кабоб ҳар хел мешавад, ин як намуди кабоби тоҷикӣ буд. Барои тайёр кардани кабоб 0,5 кг равғани дунба, 1кг гӯшти гӯсфанд, 1кг гӯшти гов, 0,5 кг пиёз, 1 кг картошка ва хушбӯиҳо аз рӯи хоҳиш зарур аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД