Oila Navruz
Асрори зебоӣ
03.12.2022
Mahina
773


Нигоҳубини нохунҳо дар шароити хона.
Агар нохунҳоятонро бақувват кардан хоҳед, хӯрокҳои аз витаминҳои Е, А, К, Д ва сафедаҳо бойро истеъмол кунед.

Яке аз сабабҳои зудшикану беҷон будани нохунҳо истъмоли хӯроки камғизо аст. Чанд ретсепт барои бақувват сохтани нохунҳо:
Маҳлулҳои равғанину аз витаминҳои А, Д, Е иборат бударо бо каме малҳами барои даст омехта намуда, ба дастонатон моледу шабона нигоҳ доред.

Ба даруни оби ширгарм 1 қошуқча намаки баҳриро андохта, дар ин об нохунҳоятонро муддати 20 дақиқа нигоҳ доред.

Лимӯро аз байн ду ним кунеду ба нимаҳои буридашуда нохунҳоятонро пурра андохта, даҳ дақиқа нигоҳ доред. Ин амал на танҳо нохунҳоро бақувват, балки сафед месозад.

Як истакон пиворо бо як истакон шарбати себ омехта, ба ин маҳлул нохунҳоятонро андозеду 15 дақиқа нигоҳ доред. Баъдан дастонро бо оби хунук обгардон карда, малҳам барои дастро молед.

Миқдори баробари равғани зайтунро бо шарбати лимӯ омехта намуда, ангуштонатонро 15 дақиқа дар он нигоҳ доред.

Барои тоза кардани лаки нохунҳоятон маҳлулҳои босифати дорои миқдори ками атсетон доштаву бо иловаи равғани эфир бударо интихоб намоед. Агар маҳлулҳои лактозакунӣ дар таркибашон моддаҳои равғанин надошта бошанд, нохунҳо чандқабата шуда, мекафанд.

Баъди молидани маҳлули лактозакунӣ ҳатман равған ё мушкоб молиданро фаромӯш насозед.
Барои бонувоне, ки пайваста нохунҳояшонро бо аррача (пилка) ба тартиб медароранд, маслиҳат медиҳем, ки аз асбобҳои оҳанин истифода набаред.

Нохунҳоро танҳо дар ҳолати хушк буданашон арра кардан мумкин аст, агар нохун мулоим карда шуда бошад, ба зудӣ мешиканад.
Ҳангоми қайчӣ задании нохунҳо ба кунҷи нохунҳо нарасед, вагарна шакли нохунҳо вайрон мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД