goodwell
Ҳаст меҳнаткаш инсони шариф
94

Ҳамасола 1-уми май дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз рамзи муборизаи синфи коргар барои ҳуқуқу озодиҳои худ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад. Таҷлили он таърихи тӯлонӣ дошта, бо рӯйдодҳои муҳими таърихӣ вобаста мебошад.

Сарчашмаи ин ид ба охири асри XIX рост меояд. Маҳз дар соли 1886 дар шаҳри Чикагои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико коргарон ба тазоҳурот баромада, талаб карданд, ки вақти корӣ то 8 соат маҳдуд карда шавад. Ҳарчанд тазоҳурот бо даргириҳо ва талафот анҷомид, аммо он ба як рамзи мубориза барои ҳуқуқи меҳнаткашон табдил ёфт.

Баъдтар, соли 1889 Конгресси Интернатсионали дуюм дар Париж дар бораи ҳамасола баргузор кардани намоишҳо дар ин рӯз қарор баровард. Аз ҳамон вақт то имрӯз Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон дар бисёр кишварҳо бо шаклҳои гуногун таҷлил мешавад.

Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ Рӯзи 1-уми май хеле тантанавор баргузор мегардид. Дар шаҳру ноҳияҳо раҳпаймоиҳои оммавӣ, намоишҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешуданд. Коргарон, донишҷӯён ва намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа бо шиорҳо ва парчамҳо ба кӯчаҳо мебаромаданд. Ин рӯз на танҳо иди меҳнат, балки рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мардум низ ба шумор мерафт. Давлати Шуравӣ асосан аз соли 1917 иди меҳнат ва ҳамраъйии меҳнаткашонро дар саросари Шуравӣ ба роҳ мондааст.

Дар ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ин анъана вуҷуд дошт. Имрӯзҳо ҳарчанд шакли таҷлил тағйир ёфтааст, аммо 1-уми май ҳамчун рӯзи қадрдонии меҳнат ва заҳмати инсон боқӣ мондааст.

Имрӯзҳо Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла, дар кишварҳои Аврупо, мисли Олмон, Фаронса, Италия ва Испания, инчунин дар давлатҳои Осиё, аз қабили Чин, Ветнам ва Ҳиндустон ин рӯз ҳамчун иди расмӣ эътироф шудааст.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки аз замони расман эътироф шудани 1-уми май ҳамчун Рӯзи меҳнаткашон зиёда аз 130 сол гузаштааст. Дар ин муддат он аз як ҳаракати эътирозӣ ба як иди байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Имрӯз, Рӯзи 1-уми май на танҳо хотиррасонии таърихи муборизаи коргарон, балки имкониятест барои қадрдонии меҳнати ҳалоли инсон. Зеро маҳз бо меҳнат ҷомеа рушд мекунад, иқтисодиёт пеш меравад ва зиндагии мардум беҳтар мегардад.

Ҳамин тавр, Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон яке аз идҳои муҳими ҷаҳонӣ буда, якдиливу ҳамраъйии тамоми меҳнаткашони оламро нишон медиҳад. Ҳамзамон, ин ид моро водор месозад, ки ба қадри заҳмати ҳар як инсон новобаста аз касбу кораш расем, зеро ҳар шахс дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда дорад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД