new banner new years
Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқҳои занонро ҳимоя мекунад
969

 

Дар ҳар давру замон ҷомеа ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли бонувон дар тамоми  бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст. Зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон иштирок намояд.

Тибқи талаботи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон ҳуқуқи баробар доранд. Дар асоси Конститутсия барои ҳалли масъалаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон як зумра қонунҳои дигар низ қабул гардидаанд, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» яке аз шумули онҳост. Мақсади асосии қонуни мазкур ин таъмини ҳимоя аз табъиз аз рӯи ҷинсият дар ҳама соҳаҳои ҳаёт мебошад.

Тибқи моддаи 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад.

Қобили қайд аст, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №568 “Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад” бо мақсади дастрасии васеи занону духтарон ба омӯзиши касбу ихтисосҳои ғайрианъанавӣ, фароҳамсозии шароити мусоид ва имконияти иловагӣ барои бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо аз рӯи ин касбу ихтисосҳо, ба даст овардани музди меҳнати арзанда ва ба ин васила баланд бардоштани даромади оилаҳо қабул гардидааст.  Тибқи қарори мазкур, номгӯи корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ шуда буд аз 336 то ба 194 номгӯ кам карда шудааст. Ин имконияти иловагии бо кор таъмин гардидан, ба даст овардани музди меҳнати баланд ва беҳдошти шароити зиндагиро барои занону духтарон фароҳам меорад. Аз ин рӯ, дар ҷомеа занон баробари мардон ҳамқадам буданашон ба нафъи ҷомеа, оила ва ҳар фард аст.

Марҳабо Наимзода, ҳуқуқшинос

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД