Arzon march 2024
Зан баъди талоқ аз шавҳараш хона талаб карда метавонад?
13.03.2024
ОИЛА
3648

Як хатогии кӯчаки ҳамсарам сабаб шуду мо бо ду фарзанд расман ҷудо шудем. Ман дубора оиладор шудам ва айни ҳол занам дар моҳи сеюми ҳомиладорӣ қарор дорад. Ҳамсари собиқам даъво дорад, ки барояш хона харам, вале ман маблағи зиёдатӣ ё замини алоҳида надорам, ки ба онҳо диҳам. Донистан мехоҳам, ки зан баъди талоқ ҳаққи аз собиқ шавҳараш хона талаб карданро дорад ё не?

Посух
Собиқ ҳамсари шумо метавонад дар асоси моддаҳои 121 ва 122-и Кодекси манзили ЧТ барои аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан дар манзили истиқоматӣ ба суд бо ариза муроҷиат намояд. Дар масъалаи талаб кардани хона аз собиқ шавҳар бошад, дар ягон ҷои конунгузори наомадааст.

Зан танҳо дар он ҳолат метавонад барои хона даъво намояд, ки агар манзил баъди бастани ақди никоҳ, яъне дар давраи зиндагии якҷояи зану шавҳар харида ё сохта шуда бошад. Дар чунин ҳолат хона моликияти муштараки зану шавҳар ба шумор меравад ва бояд байни ҳамсарон тақсим карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД