Oila Navruz
АТРИ КАФАН Ё ОРЗУ БА ЗЕРИ ХОК
06.11.2020
Оила
3802

Аз зарбаи ногаҳонӣ Ҷӯра Камолро ханҷаре ба дил нишаст ва гӯё неши ин ханҷар ба умқи майнааш панҷа зад. Забон ба ком фурӯ рафта, ба роҳи нафасаш гиреҳ афтод.

Бемадору аз зарба нафасгардон, аз дарди ҷонкоҳ хост илоҷе карда, худро ба рахти хоб расонад, вале натавонист. Калавида – калавида лаби мизро, ки Файз рӯи он барои хӯроки шом дастурхон густурда буд, дошт ва агар ин лаҳза хизматгор ба мададаш намерасид, чун сайди тирхӯрда рӯи фарш афтиданаш аниқ буд.

- Ба хайр бобо?, - саросема хӯҷаинро такядор шуда, пурсид хизматгор.

Ҷӯра Камол дар чашмони чун ситора дурахшони Файз як олам меҳру муҳаббатро омехтаи ҳарос дид. Гумон кард, ки хизматгор не, фарзанди яккаву ягонааш такядор аст ва сари ҳамин андеша пурсиши Файз ба гӯшаш фораму таскинбахш нишаст.

- Бобо ба шумо чӣ шуд?, - дигарбора пурсид ӯ.

Худи Ҷӯра Камол аз ин ҷавонмарди лоҳурӣ хоҳиш карда буд ба ҷои ҷаноб ӯро бобо гӯяд. Як замоне худи Ҷӯра Камол ба падараш ҳамин тавр муроҷиат мекард ва феълан умраш ба ҳафтод дакка зада бошад ҳам, сахт хумор аст ба ин меҳри падар.

- Бобо, бобо, - аз лаҳза ба лаҳза ранг коҳидану аз чашмонаш нур паридану хӯҷаини ҳаросон шуд хизматгор.

Ҷӯра Камол ба аломати аз шиддати дард аранге лаб газида, ишора ба рахти хоб кард. Файз ӯро бо эҳиёт ба рахти хоб расонида, боз ғамхорона пурсид:

- Духтур ҷеғ занам?, - боз пурсид ӯ.

Ҷӯра Камол бо аломати инкор сар ҷунбонд. Ӯ хуб медонад, ки аз қабзаи савуми сакта ҳеҷ дилеро раҳоӣ нест. Бояд ба тақдир тан дод. Ашки дар чашмаш ҷӯшида аз ду кунҷи чашм шорид ва худаш ҳам дарк накард, ки ин ашк аз шиддати дард аст ё ин ки риққат.

Файз курсии бепуштаки назди оинаи барқадро ба рахти хоби Ҷӯра Камол ҷафс намуда, нишаст ва бо сачоқи барфосо ашки аз чашмони хӯҷаин таровидаро нарм пок кард. Нигоҳи нотавону лабҳои карахти Ҷӯра Камол чизе мегуфт. Файз ҳарчанд мутаваҷҷеҳ гардида, кӯшиши фаҳмиш ба харҷ дод, чизеро сарфаҳм нарафт. Нигоҳи маҳзуну дардолуди хӯҷаин ҷевони пур аз булӯру чиниворро, ки ҳар кадом ба сари худ асари санъату ёдгории таърихӣ аз кишварҳои мухталиф буданд, мепалмосид.

Файз дар тоқчаи аз ҳама баланди ҷевон паҳлӯи хӯсаи тиллоӣ “Қуръон” - и ҷилдаш зарҳалинро дида, бошитоб аз ҷой бархост. Ӯ шод буд, ки нигоҳи умедвори хӯҷаинро дарк кард. Охир, Ҷӯра Камол мусулмон аст, суннати исломро бояд ба ҷо орад. Файз, қабл аз он ки китоби муқаддасро саҳифа кушояд, мисли ҳар мусулмони комил онро се бор ба чшм молида, бӯсид ва ба назди бобо баргашта рӯи фарш чорзону зад.

Ба назари Ҷӯра Камол чунин расид, ки садои марғуладори Файз даруни ин хонаи баландошёнаи шаҳри азимро пур карда, то дуриҳои дур, то деҳаи Сароб расид ва мардум бисёр ҷамъ омада, гӯш ба тиловати сураи “Ёсин” медиҳанд ва боз дарк намуд, ки овози Файз ба овози ҳамон ҳофизе, ки чанд баҳору хазонрез қабл аз ин меҳмонаш буд, хеле ва хеле монанд аст. Гӯё ҳамин ҳофизи номии Тоҷикистон дар васфи ватан сурд хонда мегӯяд:

- Мулло - амак, хоҳишатонро ба ҷо овардам.

Ӯ инро гуфта, даст ба ҷайб мебарад ва тугунчаи суфро ба мулло амак дароз мекунад. Ҷӯра Камол ғайриихтиёр зону зада, тугунчаро мекушояд ва як каф хоки онро бӯсида, ба дида мемолад.

- Аз худи Сароб?, - бо чашм ҳавзи об пурсид Ҷӯра Камол.

- Ҳа, аз қабристони қишлоқ, - посух дод хидматгор.

- Дар сарҳад чизе нагуфтанд?, - ҳайрон шуд амак.

- Пурсиданд, гуфтам, ки хок аст. Ҳайрон шуданду хандиданд, - посух дод ӯ.

Ҷӯра Камол дар ҷавоб чизе нагуфт, аммо дилаш аз беғамиҳои бедардон, ки аз қадру қиммати хоки ватан бехабаранд, нолид. Ва ҳоло пас аз чанд соли ин нола Файз низ бо ҳамон оҳанг менолад. Аммо аз ин нолае, ки тилловати ояти раббонӣ аст, дилу дида равшан шуд боборо. Агар ҳамин тавр не, аз куҷо аз деҳаи дурдасти Саробу ҳофизи тоҷикистонӣ дар дилу дида эҳё шуд ӯро. Вай медонад, ки сураи “Ёсин” - ро дар дами сакарот сари бистари бемор мехонанд. Аз қудрати ин сура низ огоҳ аст Ҷӯра Камол. Ё ин тараф ё он тараф.

Худоё, чаро Файз аз дили ӯ огоҳ несту илтиҷои нигоҳи суоломезашро дарк намекунад. Завҷааш ва фарзанди яккаву ягонааш куҷост? Онҳо пайи сомони кори ширкат ба Лондон рафтаанд ва Худо медонад, ки кай бармегарданд. Не, не ин муҳим нест. Кош ин лаҳза ба ҷойи ин қасри боҳашаммат дар кулбаи ба равоқаш дуднишастаи бобоӣ мебуд. Чаро ин ҳавас дами вопасин ба сар омад ӯро? Наход руҳаш дар қутти махмалпеч сарсон монад то абад? Не, не ту бояд ҳама суннатро ба ҷо орӣ Файз ва донӣ, ки дар тоқчаи баланди ҷевон ...

Дар ҷавоб овози марғуладори Файз форамтар ба гӯш омад Ҷӯра Камолро. Аз сураи “Ёсин”, ки Файз чашм пӯшида мехонд, ҳама чиз ба фаромӯшиҳо рафт боборо, ба ҷуз тоқчаи баланди ҷевону андешаи кафан. Хайр, дарду иллатро ирсияту меросӣ гуфтаанд. Наход бе кафан мурдан ҳам барои инсон меросӣ бошад? Падараш ҳам дар кишвари бегона ҳангоми убури сарҳад баногоҳ аз сактаи дил мурд. Бача бошад ҳам нағз ёд дорад он азобу даҳшатро. Азбаски кафанворӣ наёфтанд, ба бурё печонда, ба хок супурданд падарашро.

Пас аз сарсониҳои зиёд дар кишвари бегонатон соҳиби давлату сарватро соҳиб шуд, ки Саробу ҳафт ҳамсояқишлоқи онро хӯрондаву пӯшонда метавонад. Наход соҳиби ҳамин қадар сарвату давлатро бекафан гӯронанд? Не, Файз набояд иҷозат диҳад, ки ӯро бо шиму костюм ва гарданбанд ба қуттӣ гузошта ... Аз ин андеша нафастанг омад Ҷӯра Камолро. “Файз, Фа .. йз ... ту бояд” нола мисли обе, ки болои реги тасфон мерезанд, дар қаъри дил нишаст боборо. Нури чашмонаш ҳарчанд тавоне надоштанд армон буд ба тоқчаи баланди ҷевон.

Файз аз китоб сар бардошта, дид, ки нафасҳои вопасин дар синаи бобо бо азобе дар рафтуо аст, хам хӯрда, ба гӯши Ҷӯра Камол пичиррос зад.

- Калима арз кунед, бобо, - инро гуфта, худ калимаи шаҳодат ба забон овард.

Лаби сарду хунгурехтаи бобо аранге ба ҳам омаданд ва фарқ кардан муҳол буд, ки ин ҷунбиш аз шиддати дард аст ё аз ҳарфи ба забон наомадаи бемор. Ба ҳар эҳтимол, Файз калимаи шаҳодатро дубора арз кард ва муддате интизор шуд. “Ҳушкашолие дорад бобо”, аз дил гузашт хизматгорро ва мувофиқи дидаву шунидаҳояш дубора хам хӯрда, ба гӯши Ҷӯра Камол пичиррос зад.

- Писаратон омад, - бо дурӯғи дигаре афзуд, - хотирҷамъ бошед, бобо, янга ҳам ин ҷост.

Аммо нафас ҳанӯз гардон буд дар сина Ҷӯра Камолро ва нигоҳи умедвораш банди тоқчаи баланди баланди ҷевон. Файз намедонист боз чӣ амале ба харҷ диҳаду барои таскини бобо чӣ гӯяд, ки вай ин дунёи фониро бе дилкашолӣ осуда тарк гӯяд. Ва ин лаҳза чун нур дар зулмот ба ёд омад ӯро. Кадом як китоби дар мактаб хондааш, ки саропо панд буду ҳикмат. Файз дасти аллакай сардгаштаи боборо ба каф гирифта, гӯё масъулияти бузургеро ба уҳда мегирифта бошад, то андозае мутантан изҳор кард:

- Осуда бошед, бобо, ҳама суннатро ба ҷо меорам.

Аз ин сухан Ҷӯра Камолро талхии ҷон кандан осон шуд. Гумонаш Файз вопасин хоҳиши ӯро аз ишораҳои такрор ба такрор дарк кард ва як мушт хоки Ватан, иншооло, ӯро атри кафан мешавад. Файзи бехабар аз ин андешаву талвоса ҳанӯз дасти ӯро аз даст раҳо надода, бо таҳайюр дид, ки нафас дар синаи бобо сокит шуд. Ӯ бо фиғон боборо манаҳ баста ӯрён кард, болояш ҷойпӯш кашид ва бо нияти теғ оварда, тани хӯҷаинро пок кардан ҷониби ташноб рафт ...

Пас аз ҳафт рӯзи азодорӣ завҷаи Ҷӯра Камол аз Олмон ба Лондон кӯч баст ва хизматгорон ҳини боэҳтиёт ҷобаҷо кардани зарфҳои булӯрину чинии ҷевон паҳлӯи хӯсаи тиллоӣ халтачае ёфт, ки як каф хок дошт.

- Ин чӣ бошад?, - пурсид ӯ.

- Кай донам? - бепарво ҷавоб дод ва муддате ба хок зеҳн монда, бо шиддат гуфт: - Зудтар ҷумб, як чизи беҳуда дупула арзиш надорад, - ӯ барои олуда нашудани фарш халтачаи хокро аз тирезаи нимроғ берун афканд. Ва як мушт хоки ҳамчун чизи беарзиш ба кӯча афкандаи марди олмонӣ хоки деҳаи Сароб буд, ки рӯи роҳ пош хӯраду зери чархи мошинҳои шаҳри азим парешон гашт...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД