Шабакаи қаҳвахонаи Roasters аз Дубай ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд, зеро гаронтарин пиёлаи қаҳваро дар ҷаҳон пешниҳод кардааст. Арзиши як пиёлаи он 670 доллари ИМА мебошад. Дар ин бора Daily Mail иттилоъ дод.
Ин қаҳва бо усули pour-over омода шуда, дар ҷоми булӯри дастисохт рехта шудааст. Барои тайёр кардани он донаҳои нодири навъи Geisha аз Панама истифода шудаанд, ки дар плантатсияи Hacienda La Esmeralda парвариш меёбанд. Гуфта мешавад, ки пеш аз сабти расмии рекорд, ин қаҳвахона дар музоядаи байналмилалӣ тамоми 20 килограмм қаҳваи элитаро бо арзиши 604 ҳазор доллар харидорӣ кардааст.
Намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес изҳор доштааст, ки ин дастовард меъёри сифатро барои қаҳваҳои люкс дар тамоми ҷаҳон баланд бардошт.