sebiston july new
Ҳаво тағйирёбанда мешавад
265

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад, - иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

 Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 4+9 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД