Muhojirati behatar
Ҳавои тирамоҳӣ ба пӯст чӣ зарар дорад?
118


Тирамоҳ бо ҳавои тозаву офтоби дурахшонаш моро водор месозад, ки бештар дар берун сайр намуда, аз насими ҳаловатбахш лаззат бардорем. Дар ҳавои тоза сайр кардан хуб аст, вале боду ҳавои тирамоҳӣ барои пӯст метавонад зараровар бошад.

Гап сари он аст, ки ҳаво дар тирамоҳ хеле хушк мешаваду ҳарорат пасту баланд шудан мегирад. Ҳамаи ин омилҳо барои пӯст фишоровар аст. Чӣ бояд кард, ки дар тирамоҳ пӯст ботароват бошад?

Мунтазам пӯстро тоза кунед

Ҳоло дар мағозаҳо скрабҳои табииро дастрас кардан мумкин аст, ки бо истифода аз он ҳуҷайраҳои карахтшудаи қабати болоии пӯстро тоза мекунанд. Баъди тоза кардани пӯст бо скраб пӯст нарму ҷавонтар мегардад. Щафтае ду маротиба истифода бурдани скраб барои аксари бонувон аз манфиат холӣ нест. Дар сурате, ки пӯсти шумо сахт ифлос бошад, скрабро бештар истифода бурдан лозим аст. Хеле муҳим аст, ки скраби барои пӯст мувофиқро интихоб намоед. Агар скрабҳои мағозагӣ ба пӯстатон мувофиқ набошад, метавонед онро дар хона омода созед.

Пӯстро нарм кунонед

Аксари малҳамҳои косметикӣ дар таркиби худ спирт доранд, ки пӯстро хушк мекунонанд. Вақте ҳуҷайраҳои пӯст бе об мемонанд, пӯст пажмурдаву пир менамояд. Баъзе малҳамҳои рӯзона барои нармкунонии пӯст равона шудаанд, ин малҳамҳо пӯстро аз ҳад зиёд равғанин намекунанд, онро қабл аз косметика молидан мумкин аст. Чунин малҳамҳо барои фасли тирамоҳ мувофиқанд, зеробарои хушк гаштани пӯст имкон намедиҳанд.

Пӯсти лаб ҳам нармӣ мехоҳад

Лабҳои хушку кафида мушкилоти маъмултарини фасли тирамоҳ аст, ки бо сабаби хушкӣ ва сардии ҳаво сар мезанад. Барои нарм кунонидани пӯсти лаб аз равғани табиӣ истифода бурдан ба маврид аст. Муми занбӯри асал ва равғани офтобпараст ду маҳсулоти беҳтарине ҳастанд, ки барои саломатӣ бе хатар ба шумор мераванд.

Ба пӯсти даст диққат диҳед

Дар баробари нигоҳубини пӯсти рӯю лаб ба ҳолати пӯсти даст ҳам диққат бояд дод. Ҳамарӯза ба пӯсти даст малҳаҳои нармкунанда ва ғизобахш молидан лозим аст. Малҳамеро истифода баред, ки дар таркибашон равғанҳои жожоба, зайтун ва ғайра вуҷуд дошта бошад.
Солимии ҷисмро фаромӯш насозед
Ҳолати пӯсти инсон таҷассумгари саломатии ҷисмонии ӯ ба шумор меравад. Вақте ҷисм бемор бошад, пӯсти рӯй солим наменамояд. Ҳатман кӯшиш намоед, ки шабона хоби бофароғат дошта бошед. Ҳамарӯза оби зиёд нӯшида, аз истеъмоли хӯрокҳои зарарнок худдорӣ намоед. Ҳамзамон истеъмоли мултивитаминҳо низ аз манфиат холӣ нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД