arzon replenishment
Ҷавоне бо ангуштони сангин
966

Иван Павлюк дар вилояти Закарпатия тавлид ёфтааст. Ҳанӯз дар кӯдакӣ гирифтори бемории хеле нодир шуда, бар асари он афзоиши устухони панҷаҳои дасташ халалдор гашта буд.

Омилҳои сар задани бемории дисхондроплазия то имрӯз аниқ нашудааст, вале ҳаминаш маълум аст, ки он ирсӣ ё бар асари мутатсия зуҳур менамояд.

Феълан дар ҷаҳон ҳамагӣ 60 нафар гирифтори ин беморӣ ҳастанд. Вақте ки панҷаҳои дасти Иван рӯз ба рӯз азимҷусаву сангин шудан гирифтанд, ҷавон дигар аз уҳдаи бастани банди пойафзол, дастшӯӣ ва худхизматрасонӣ баромада наметавонист.

Вақте ки вазни ҳар як панҷаи дасташ аз 2 кг зиёд шуданд, бо кумаки нафарони хайрхоҳ табибон Иванро ҷарроҳӣ карда, дастонашро бурида, ба ҷояш дасти сунъӣ часпониданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД