Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
03.04.2026
Oila.tj
25

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, зимни маросими тантанавӣ иброз гардид, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи мамлакат барои рушду шукуфоӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлол талоши бештар менамоянд.

«Ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба хизмати ҳарбӣ меравад ва Савганди ҳарбӣ ёд мекунад, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд»,- гуфта шудааст зимни маросими гусели даъватшавандагон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД