Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Дар Фурудгоҳи миллии Минск нахустин ҳавопаймои хатсайри мунтазами мустақими ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд.
Ҳавопаймо ҳангоми ворид шудан ба майдони фурудгоҳ аз зери фаввораи обӣ гузаронида шуда, ба ин васила хатсайри нави мустақими ҳавоии Душанбе–Минск расман ба фаъолият оғоз кард.
Ба гуфтаи масъулин, роҳандозии хатсайри мустақим миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Беларусия барои рушди робитаҳои нақлиётӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сайёҳӣ ва осон намудани рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Ифтитоҳи ин масири ҳавоӣ ҳамчун қадами нав дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Беларусия арзёбӣ мешавад.