Arzon march 2024
Аввал мезад, баъд кушт
643

 

Вазорати корҳои дохилии кишвар дар нашри навбатии барномаи иттилоотии “Ахбори ВКД” тафсилоти куштори як кӯдаки чорсоларо дар ҷамоати ба номи Лоҳутии ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) аз ҷониби падарандараш нашр кард.

Ба зикри ин ниҳод, ин куштори мудҳиш, ки ВКД онро “фоҷиаи даҳшатангез” номид, рӯзи 26 декабри соли 2022 рух додааст.

Ба зикри манбаъ, Субҳоналӣ Эсанов, сокини ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Дӯстӣ дар ин барнома куштани писари угаяш Самир Гадоевро тасдиқ карда, гуфт, ки ин тифли бегуноҳро барои он кушт, ки азобашро аз ҷониби пиандар ба очааш хабар кашидааст.

“Вақте чӯбҳоро бор мекардем, пурсидамаш, очаат чӣ гуфт? Гуфт, очаам пурсид, ки дадаат туро мезанад? Ӯ ба очааш гуфтааст, ки ҳа, дадаам маро мезанад. Барои ҳамин, бурдамаш, дар поён куштамаш...” – нақл кард ҷараёни ҳодисаро Эсанов.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД