sebiston july new
Аввалин бародари тиббе, ки ҳам медали Русияро гирифту ҳам Президент хона тӯҳфа кард(ВИДЕО)
8638
Аввалин бародари тиббе, ки ҳам медали Русияро гирифту ҳам Президент хона тӯҳфа кард(ВИДЕО)

Муҳаммад Хисайнов, бародари шафқат, яке аз қаҳрамонҳои замони авҷи бемории короновирус мебошад. Пас аз ин муроҷиати видеоӣ ба ҳамкорони табибаш Муҳаммад Хисайнов ба дили садҳо мариздорону беморон роҳ ёфт. Муҳаммад мегӯяд вай чунин дили бузург ва меҳрубонро аз зани асетинӣ Рима, ки модархондаш буд, мерос гирифтааст. Суханони оташини ин ҷавони бо нангу номус аз назари президенти кишвар низ дур намонданд. Вазорати мудофиаи Русия ин бародари шердили шафқатро барои садоқат ба касби худ бо медали “Боевое братство” сарфароз гардонид, пешвои миллат бошад ба Муҳаммад Хисайнов хонаи дуҳуҷрагиро бо тамоми ҷиҳози рӯзгор тақдим намуд. Имрӯзҳо Муҳаммад Хисайнов дар Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон таҳсил менамояд ва ҳамзамон дар шӯъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи Истиқлол фаъолият дорад. Ин ҷавонмарди шуҷоъ оиладор буда, соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяк мебошад. Шиори ӯ дар зиндагӣ талош барои наҷоти беморон ва арзанда будан ба боварии халқу Ватан аст. Биёед, беҳтараш сарнавишти ин ҷавони раҳмдилро аз забони худаш бишнавем. (Видео)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД