goodwell
Аввалин нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба кор шуруъ кард
21.08.2026
Oila.tj
34

Нерӯгоҳи офтобии ноҳияи Ашт ба истеҳсоли аввалин киловатт-соат нерӯи барқ оғоз намуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба шабакаи барқии кишвар интиқол дода шуд.

Ин рӯйдоди муҳим қадами ҷадид дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими заминаҳои энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ моҳи ноябри соли 2025 оғоз гардида буданд. Айни замон марҳилаи аввали нерӯгоҳ ба истифода дода шуда, давоми соли ҷорӣ навбатҳои дигари он низ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Иқтидори нерӯгоҳ 250 МВт ва истеҳсоли миёнасолонаи нерӯи барқ 435 млн кВт-соат аст.

Маврид ба зикр аст, ки иншооти мазкур аз ҷониби сармоягузори ватанӣ - ҶДММ «Аён Энерҷӣ» ва паймонкор - ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» бунёд шуда истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД