1xbet
Аввалину охирин бӯса (ҚИСМИ 1)
877

Назокат дар хонаводаи зиёӣ чашм ба оламӣ ҳастӣ кушода буд, падараш омӯзгори сахтгиру соҳибобрӯ, модараш китобдори мактаб ва яке аз занони бомаърифату фарҳангии деҳаашон ба шумор мерафт.

Назокат нахустфарзанди волидонаш буду ду хоҳар ва як додар дошт. Ӯро бо абрӯвони сиёҳи пайваст, чашмони бодомию миҷгонҳои баргаштааш, қомати болою кокулони заминрӯбаш, соҳибҷамоли деҳа мегуфтанд. Хоҳаронаш ҳам дар ҳусну ҷамол ва одоб аз апаашон камӣ надоштанд…

Аввалин донишҷӯдухтар

Назокат пас аз хатми мактаб аввалин духтаре буд, ки аз деҳаашон ба хондан ба мактаби олӣ рафт. Панҷ сол дар донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил карда беҳтарин донишҷӯ ба шумор мерафт, шаҳр ҳам ӯро тағир надод, доим бо либоси миллии зебанда ба дарс омада мерафт. Баъди хатми донишгоҳ ба мактаби деҳаашон ба кор омада ҳамроҳи падар ба тарбияи насли наврас камар баст, акнун хушрӯи деҳа, яке аз муаллимаҳои ҷавону навовари ноҳия буд.

Назокат дар мактаб ягона муаллимаи маҳаллӣ буд, ду муаллимаи дигар аз маркази ноҳия ба мактабашон барои дарс гуфтан меомаданд. Ҳар субҳ бо пираҳани хушдӯхти атлас, дар сар тоқии зардузӣ мӯйҳои майдабофташ аз хами зонуҳо поин хиромон дар кӯчаҳои деҳа қадамзанон ҷониби мактаб рафтани ӯро дида, чанд нафар духтарон ҳаваси маълумоти олӣ гирифтанро карданд. Кадом падару модаре, ки ба хоҳиши духтараш зид мебаромаду шаҳр ҷойи духтари қишлоқ нест мегуфт, онҳо Назокатро мисол меоварданд. Ҳамин тавр Назокат, ки муаллимаи фанни риёзӣ буд се нафар шогирдашро ба донишгоҳ бурд, пайравони ин духтури хушхулқи зебо дар деҳа афзудан гирифтанд.

Монеаи бахт

Харидоронаш аз мӯи сараш зиёдтар бошанд ҳам, падараш муаллими Асалам на ҳар касро ба духтари соҳибҷамолу ҳунармандаш лоиқ дониста даҳҳо хостгоронро аз дараш ноумед равон кард. Харидорони ин гули зебо оҳиста-оҳиста кам шудан гирифтанд, зеро онҳо ӯро назарбаланду мағрур пиндошта дилашон сард мегашт. Вале дар асл... Боре ҳамсояаашон кампири Нурбибӣ ӯро ба хилвате хонда гуфт:

- Назокатҷон, чаро шавҳар намекунӣ?

Назокат намедонист ба саволи кампир чӣ ҷавоб диҳад, кампир дид, ки духтар хомӯш аст ӯро насиҳат кард:

- Духтарам ба ҳусну зебоият мағрур нашав, наход ҳамин қадар хостгорро ноумед, намоӣ, дар тули умри дарозам бисёр хушрӯёнро дидам, ки оқибат пушаймон аз ин дунё рафтанд.

Назокат медонист, ки кампири Нурбибӣ «алам» дорад, зеро падараш додари ӯро, ки барои писараш хостгорӣ омада буд ноумед намуд. Асалан Рустам, ҷияни кампир ба Назокат маъқул буд ӯ ҷавони қоматбаланди зебо, ронандаи автобус буд ва садҳо духтарон ҳавасашро мехӯрданд, аммо Рустам ошиқи зори Назокат буд. Назокат бо лабханди хиҷолатомез маҷбур шуда сири дилашро ба кампири Нурбибӣ кушод:

- Момаҷон, ман худамро ҳеҷ гоҳ зебою доно намешуморам, охир падарам як бор аз ман намепурсад, ки шавҳар мекунӣ ё не?! Намедонам ӯ киро дар бари ман дидан мехоҳад? Айб нест, ман хоҳишманди шавҳар буданамро ба ӯ гӯям?!

- Худо гирад ҳаму падари «сурханбус»-и туро,- бо қаҳр нидо кард, кампир.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД