Рустам Назокатро дар курсии наздикии худаш шинонд, дили духтар ҳам пури гап буд, аз гап гап баромаду ӯ ҳама рози дилашро ба мард кушод. Рустам ба Назокат гуфт, ки ман дар пойтахт хонаи якҳуҷрагии холӣ дорам, писарам он ҷо зиндагӣ мекард, ки донишгоҳро хатм карда баргашт. Агар хоҳӣ, дар он ҷо зиндагӣ кардан гир.
Назокат ин хел ранг гирифтани корро интизор набуд ва ба Рустам нигариста гуфт:
- Боз ҳамсарат фаҳмида…
- Ҳамсарам аслан зани хуб аст ва ҳатто намедонад, ки хонаи зиндагӣ мекардаи писарам хонаи шахсии мо буд, - беташвиш, гапи ӯро бурид Рустам.
Ҳамин тавр Назокат ба нею нестони модар ва зориҳои падараш нигоҳ накарда сокини шаҳр шуд.
Рустам гоҳ-гоҳ аз авҳолаш хабар мегирифт, вале суҳбаташон дӯстона буд…
Бо ёрии Гавҳар Назокат дар яке аз мактабҳои беҳтарини пойтахт ба кор шуруъ кард, саводу малакаи кории ӯро дида, дар муддати кӯтоҳ ӯро мудири бахши таълимии матаб монданд. Ин бонуи оқила дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта тамоми ҳастии хешро ба кор бахшид.
Охирин бӯса
Муаллими Аслам аввал гумон кард, ки Назокат як рӯз баргашта меояд, вале чун дид азми духтараш қатъист, ҳама пасандози доштаашро ҷамъ карда барои ӯ дар пойтахт хонаи якҳуҷрагие харида дод. Назокат хонаашро таъмир карда ҷиҳозонида ба Рустам раҳмат гуфта ба хонаи худаш кӯчид. Рустам азм кард, ки моҳи дигар омада аз Назокат хоҳиш мекунад, ки зани дуюмаш шавад, зеро то ҳол ӯро дӯст медошт, вале як рӯзи сарди зимистон Назокат ҳангоми баргаштан аз кор лағжида афтоду сутунмуҳрааш шикаст ва дигар аз бистар барнахост…
Дар чор моҳи бистарӣ буданаш қатори ҳама азизонаш Рустам низ ҳар ҳафта ба аёдаташ меомаду соатҳо наздаш истода бо ӯ суҳбат мекард. Як субҳи баҳорӣ Рустам чун ҳарвақта тӯҳфаҳои зиёде бардошта ба хабаргирии Назокат омад. Бону аз вай хоҳиши аҷибе кард:
- Рустамҷон, маро ба ағбаи Фахробод намебарӣ? Ёд дорам ҳар гоҳе баҳорон ба пойтахт меомадам, аз дидани даштҳои лолазор дилам ба ваҷд меомад.
Рустам аз ҷияни Назокат Холида, ки ӯро нигоҳубин мекард хоҳиш кард то ҳамроҳи холааш ба мошин нишинад, онҳо ба пуштаҳои аз лола суп-сурхи Фахробод омаданд.
- Рустамҷон ман безеб шудаам? - пурсид бо маҳзунӣ Назокат.
- Не ту ҳоло ҳам хушрӯи деҳаӣ,- бо ханда гуфт мард ва бори аввал ҷуръат карда, дастони Назокатро рӯи каф гирифт.
- Агар чунин аст, пас маро бибӯс, зеро ман дар умрам лаззати бӯсаи мардро начашидаам,- пичиррос зад Назокат…
Пас аз се рӯзи ин суҳбат Назокати сӯхтабахт ин оламро падруд гуфт…
Нисо ХОЛИД