formula
“Ай-ай-ай, уф-уф-уф"-и Фараҳноз дар интернет ғулғула афканд
673

Мо имрӯз хостем дар нашри навбатии барномаи худ дар бораи суруди “Уф- уф”, ки саронядаи ҷавону хушовози тоҷик Фамраҳноз Шарафова сурдааст, ба шумо каме маълумот дода бошем.

Фараҳноз Шарафова –имрӯз ин ном вирди забони аксари дӯстдорони савту навост. Фараҳноз новобаста аз ҷавонияш тавонист бо эҷоди чанд таронаи марғуб дар дили ҳаводорони суруду мусиқӣ маъво бигирад. Таронаҳои Фараҳнозро имрӯзҳо дар ютуб ҳазорон нафар тамошо карда, ба ҳунари ин духтари ҷавону зебои тоҷик баҳои хеле баланд медиҳанд.

Имрӯз дар бораи яке аз сурудҳои ин бонуи ҳунар “Уф, уф”, ки сару садоҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, фикри чанд нафар корбарони шабакаҳоро ба шумо пешниҳод месозем.

Суруди “УФ,УФ”-ро аввалин маротиба Фараҳноз дар консерташ дар Австралия, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 баргузор гардида буд, сурудааст. Ин клипро дар Ютуб-канали “Баран Интертаймент Австралия” пешкаши ҳаводорон гашта, онро қариб 850 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Анонси ин таронаро дар саҳифаи инстаграми худи Фараҳноз зиёда аз 485 ҳазор нафар дидан намудаанд. Фараҳноз дар бораи ин суруд гуфтааст: “Ин тарона як армуғони солинавӣ барои мухлисонам буд.”

Клиптаронаи мазкур тарҷума аз забони Озарбойҷонӣ мебошад.
Бахтиёр Раҳмониён, яке аз мунаққидони соҳаи фарҳанг дар бораи ин суруд чунин гуфтааст:” Таронаи Фараҳноз ба ҷуз ҳамон ҷои "Ай-ай-ай, уф-уф" дигар ишколе надорад. Радифу қофия риоя шудааст.Таносуб дар мисраҳо вуҷуд дорад.Ишкол дар ҳамин, ки бояд на бо оҳанги рақсӣ, балки дар ҳавои навои ором сароида мешуд..Баъдан.."ай" ё "уф" гуфтан чӣ ҷои бадӣ дорад?

Ягон кас бо аъмоли худ дар ҷонамон занад, "уф" мегӯем..Ё ҳангоми пайдо шудани дарди ногаҳонӣ дар баданамон "ай"-ро ба забон меорем.Бадии кор дар ҳамин, ки "ай", "ҳай" ва "уф" бештар дар лаҳҷа ба кор бурда мешаванд.Банда муқобили истифодаи лаҳҷа дар кори ҳунарӣ нестам.Гап сари ин аст, ки бояд ба ҷо истифода шавад. Фараҳноз ба ҷои "Ай-ай-ай, уф-уф-уф"-"Ёр-ёр-ёр, туӣ ситамгор" истифода мекард, дигар боқии шеър ишколе надошт..

Бисёриҳо пешниҳод кардаанд, ки ин таронаро нақд кунам..Маҷбур шудам, ки чанд маротиба ин сурудро бишнавам..Чун дидам, ки дар қиёс ба дигар ҳарзасурудҳо беҳтар аст, дар ин бора чизе нагуфтам. Дар интернет ҷустуҷӯ кардам. Дарёфтам, ки асли ин тарона озарӣ будааст..Дар шакли асли тарона "Ай-ай-ай, Уф-уф-уф" истифода шудааст.

Онҳо низ чун диданд, ки ба ин шакл зудтар суруд ба қавле хит мешавад, истифода карданд.Ба гӯши мардуми мо танҳо “Ай ва “уф”-и Фараҳноз расидааст, Ба боқимондаи матн аваҷҷуҳ накардаанд”. а Журналист Сайфиддин Шарифзод низ гуфтааст, ки шеъри хуб аст, аз лиҳози қофия ва радиф ягон камбудӣ надорад., маъно ҳам дорад. Махкамзода Махкам рӯзноманигорӣ тоҷик ҳам гуфтааст, “Ин суруд гӯиши мардумист ва вақте овозхон дар Австралия суруд, форсзабонон хуш истиқбол гирифтан”.

Ёдовар мешавем, ки калимаи “Уф” аввалин маротиба нест, ки дар сурудҳои тоҷикӣ истифода шавад. Шабнами Сурайё , сарояндагони машҳури тоҷик, ки санъаташ марзҳоро убур кардааст, низ суруде бо номи “уф” сурудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД