formula
Аюбҷон муҳтоҷи кӯмаки мост
646

Салом хонандаи азиз! Халқи мо бо меҳрубонию дастгириашон нисбат ба якдигар дар дунё назир надорад.

Аюбҷон Ҳайдарзодаи хурдакак, сокини шаҳри Душанбе, ба меҳрубонии шумоён ниёзманд аст. Ӯ ҳамагӣ 2,5 сол дорад ва гурдаи росташ ба бемории зудпаҳншавандае гирифтор аст, ки баъди 1-1,5 ҳафта реша медавонад. Ҷароҳии ин дустрӯяк 5000$ аст ва агар ба хубӣ анҷомад, баъдан кимиёдармонӣ мешавад.

Аз сабаби хурдакак будани Айюбҷон ин ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон намегузарад. Волидон маҷбуранд барои ҷароҳӣ ба Ҳиндустон раванд. Падараш дар Руссия муҳоҷир аст ва маблағи ба даст меовардааш танҳо барои рӯзгузаронӣ сарф мешавад.

Аюбҷон аз 5-моҳагӣ ба чунин ҳолат гирифтор аст. Қисми рости ӯ аз чапаш фарқ мекунад. Яъне, дасту пойи як тарафаш калонтар аст. Ба нақли бибиаш Сурайё Ахмедова, зимни суҳбати телефонӣ бо сомонаи “Оила”, Аюбҷон аз хурдӣ пайваста бемор мешуд ва ҳамеша гирифтори зуком буд. Онҳо ӯро дар ба дари беморхонаҳо мегардонанад ва як суҳбат бо табиби геншинос барояшон маълум намуд, ки сабаби асосӣӣ зуд-зуд беморшавии ӯ ҳамин гурдаи тарафи росташ будааст.

Баъди ин онҳо ӯро ба назди табибони зиёде бурданд. Ниҳоят духтурони ҳинду муваффақ шуда, бемориашро пайдо карданд ва акнун ин писрчаи дустрӯяк ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад.

Тавонмандон, илтимос ба қадри имкон кӯмак кунед, то волидони Аюбҷон ин маблағро ҷамъ оварда, фарзандашонро наҷот диҳад!

Корти Душанбе Сити: 9762 0000 2934 6300
Корти Алиф: 4444 8888 1184 0721
Ҳамёни электронии Alif | Dcity: 556000895

Аз идора: Ҳолати ин кӯдакро пагоҳ дар гузориши наворӣ тариқи Ютюб, Инстаграмм ва фейсбуки Оила бароятон пешниҳод хоҳем кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД