Аз ҳангома то ҳақиқати бемории сил
737

Хешу табор аз ман ҳазар мекарданд, вале...

“Зимистони соли 2016 ба сулфа гирифтор шудам. Аввал гумон кардам, ки шамол кашида, зуком шудаам, вале сулфаам бо дорую даво ҳеҷ намемонд ва худро торафт беҳолу бемадор ҳис карда, дар арақ тар мешудам. Табиби оилавӣ тавсия дод, ки аз ташхис гузарам. Вақте фаҳмидам, ки ба сил гирифтор шудаам, ғамгин шудам, чунки аз забони мардум дар бораи ин беморӣ бисёр гапҳои нохуш шунида будам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳаққу ҳамсояҳо ва хешу табор ба бемории сил гирифтор шуданамро фаҳмида, аз ман ҳазар мекардагӣ шуданд. Рафтори онҳо маро бештар рӯҳафтода мекард, аммо волидонам “духтарам, зиқ нашав, сил табобатшаванда аст” гӯён, маро ба беморхонаи Мачитон бурданд. Дар он ҷо муддати шаш моҳ табобат гирифта, пурра шифо ёфтам. Шукри худо, ҳоло саломатиам хуб аст, соҳиби фарзанд ва зиндагии обод гаштам. Ба шахсоне, ки ба бемории сил гирифтор шудаанд, гуфтаниям, ки ноумед ва рӯҳафтода нашуда, ба табибон муроҷиат намоянд. Сил бемории табобатшаванда мебошад, агар шахс сари вақт ба духтур муроҷиат карда, доруҳои заруриро гирад, албатта шифо меёбад”,- мегӯяд ҷавонзани 28-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Миҷгона Г.

Мигҷона ягона шахсе нест, ки бо сабаби гирифтор шудан ба бемории сил ба доғгузорӣ ва муносибати нохуби атрофиён рӯ ба рӯ гашта, азоби рӯҳӣ кашидааст. Мутаассифона, то кунун дар ҷомеаи мо андешаҳои шахшудае боқӣ мондаанд, ки боиси аз гирифторони сил ҳазар кардани одамон мегарданд. Аммо дар асл сил бемории хатарнок набуда, ба пуррагӣ табобат мешавад.

Табибон чӣ мегӯянд?

Зимни сафар ба шаҳри Ваҳдат мо аз Маркаи миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина дар Мачитон дидан намуда, фикру андешаҳои доктори илмҳои тиб, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ Абдурасул Сангиновро дар боби бемории сил пурсон шудем.

- Доктор, сароғоз мегуфтед, ки бемории сил аз чӣ пайдо мешавад?

- Барангезандаи сил микроби чӯбчашакли “Кох” мебошад. Роберт Кох барангезандаи бемории сил - Mycobacterium tuberculosis (Bacillus Koch)-ро муайян карда, 24-уми марти соли 1882 зимни суханронии хеш дар Ҷамъияти физиологони Берлин дар ин бора хабар дода буд ва ин барои ташхис ва табобати бемории сироятии сил роҳ кушод. Сил бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ аз шахси бемор ба одамони солими дар атроф буда мегузарад. Бемороне, ки балғам хориҷ мекунанд, манбаи асосии сироят ба ҳисоб мераванд. Як бемори балғамхориҷкунанда метавонад то 10-15 нафарро сироят намояд. Шахсони иммунитеташон паст, аз ҷумла гирифторони гепатит, ВИЧ-СПИД ва касалии қанд ба зудӣ аз сил сироят ёфта метавонанд, зеро системаи муҳофизатии организми онҳо, яъне иммунитеташон заифтар аст.

- Бемории сил чӣ нишонаҳо дорад?

- Нишонаи асосии бемории сил - ин сулфаи дарозмуддати балғамдор мебошад, ки беш аз ду-се ҳафта давом карда, ҳатто бо гирифтани антибиотикҳо низ гум намешавад. Бемор худро заиф ва камқувват ҳис мекунад ва дар муддати кӯтоҳ вазнашро партофта, лоғар мешавад. Иштиҳо гум шуда, мариз шабона бисёр арақ мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо таби бемор баланд шуда, ҳангоми иҷрои корҳои ҷисмонӣ эҳсоси нафастагӣ пайдо мешавад. Бо мушоҳида намудани нишонаҳои дар боло зикршуда ҳатман ба табиби оилавӣ ё силшинос муроҷиат кардан лозим аст. Сабабҳои пайдоиши сулфа хеле зиёданд, аз ҷумла шамолкашии шуш, бронхит, пневмония, аллергия ва ғайра. Барои фаҳмидани он ки шахс ба сил гирифтор шудааст ё бемории дигар, табибон пеш аз ҳама ташхиси ренгении қафаси синаро анҷом медиҳанд, то аз ҳолати шуши бемор бохабар гарданд. Пас аз ин, балғам барои ташхис гирифта шуда, мавҷуд будан ё набудани чӯбчамикроби “Кох” дар он санҷида мешавад.

Сил бемории авлодӣ нест!

- Бисёриҳо аз шахсоне, ки ба бемории сил гирифтор шудаанд, худро дур мегиранд ва як навъ ҳазар мекунанд...

- Мутаассифона, то ба имрӯз дар байни мардум фикру андешаҳои нодуруст дар бораи ин беморӣ хеле зиёданд. Аксарият вақте ба сил гирифтор будани шахсеро фаҳмиданд, воҳима карда мегӯянд, ки духтари фалониро келин накунед, ки бобо ё бибиаш ба сил гирифтор буд ё ба писари фалонӣ духтар надиҳед, чунки падар ё модараш сил дошт ва ӯ ҳам ба ҳамин касал гирифтор будагист, вале ин гапҳо ягон асос надоранд. Ман ҳамчун табиб мегӯям, ки сил касалии авлодӣ нест! Шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, агар сари вақт ба табибон муроҷиат карда, табобатҳои заруриро бигиранд, дар муддати шаш моҳ шифо меёбанд. Пас аз табобат барои атрофиён онҳо дигар ягон хавфу хатар надоранд.

Гӯшту равғани саг ба гирифторони бемории сил фоида надорад

- Дар байни мардуми мо андешае вуҷуд дорад, ки гӯшту равғани саг бемории силро шифо мебахшад. Ин ягон асос дорад?

- Дар ҳақиқат чунин андешаи ғалат дар байни мардум вуҷуд дорад ва баъзеҳо ҳатто ба беморон тавсия медиҳанд, ки аз гӯшту равғани саг истифода баранд, вале ин гап ягон асос надорад. Ман ҳамчун табиб мегӯям, ки ин афсона ва дурӯғи маҳз аст. Гӯшт ва равғани саг ба касалии сил заррае ҳам фоида надорад. Ин бемориро танҳо бо истифода аз доруҳои муосири зидди сил табобат кардан мумкин аст.

- Оё ҳайвонот ҳам ба сил гирифтор мешаванд?

- Бале, мешаванд. Аз тадқиқотҳои донишмандон бармеояд, ки беш аз 50 намуди ҳайвоноти ширхӯр ва 80 намуди парандаҳо ба сил гирифтор шуданашон мумкин аст. Барои одамон бештар сили гову буз хавфнок мебошад.

Усулҳои муосири ташхиси сил

- Солҳои пеш барои ташхиси сил бештар аз усули ”Проба-манту” истифода мебурданд. Имрӯз дар ташхиси сил кадом усулҳоро ба кор мебаранд?

- Дар баробари “Проба-манту” имрӯз усулҳои нави замонавӣ, аз қабили GeneXpert , Haintest, Квантифероновый тест пайдо шудаанд, ки дар муддати кӯтоҳ ба сил гирифтор будан ё набудани шахсро аниқ муайн менамоянд. Аз ҷумла бо истифода аз тестҳои махсус, аз ҷумла Hain-Test дар бадали 2 шабонарӯз ва бо истифода аз усули GeneXpert ҳамагӣ дар 2 соат ба бемории сил гирифтор будан ё набудани шахсро аниқ муайян кардан мумкин аст.

Агар ба сил гирифтор шудед, ба воҳима наафтед

- Аксари шахсоне, ки ба бемории сил гирифтор шудаанд, ба ҳолати яъсу навмедӣ меафтанд. Маслиҳати шумо ҳамчун табиб ба чунин маризон чист?

- Ман ҳамчун табиб мегӯям, ки дар сурати ба касалии сил гирифтор шудан аз ин беморӣ тарсидан ва ба ҳолати яъсу навмедӣ гирифтор гаштан лозим нест. Сил бемории табобатшаванда ва табобати он комилан ройгон аст. Аҳли оила ва наздиконро лозим аст, ки беморро рӯҳан ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд. Гирифторони сил бояд ҳатман дар Беморхонаи клиникии касалиҳои сил бистарӣ карда шуда, табобатро то охир бигиранд. Вобаста ба шакли беморӣ ва ҳолати бемор табобат аз 3 то 6-8 моҳ давом мекунад.

- Барои пешгирии бемории сил чӣ бояд кард?

- Пеш аз ҳама ҳаёти солим ба сар бурдан лозим аст. Тарзи ҳаёти солим натанҳо аз бемории сил, балки аз аксар беморҳои дигар низ ҳимоя мекунад. Шахсе агар ба тартибу низоми истеъмоли ғизо ва сифати он аҳамият диҳад, варзишро як ҷузъи зиндагии хеш дониста, фаъолу серҳаракат бошад, баданро обутоб диҳад, аз мушкилиҳои зиндагӣ рӯҳафтодаву маъюс нашавад, шаробхӯру майзадаву нашъаманд набошад, аз сигору нос дурӣ ҷӯяд, гигиенаи шахсиро ҷиддан риоя намояд, ба тозагии бадану сарулибос, хонаву дар аҳамият диҳад, дар зиндагӣ ҳадафу мақсади муайян дошта бошад, сатҳи дониш, аз ҷумла маърифати тиббии худро такмил диҳад, бе ҳеч шакку шубҳа худро аз бемории сил эмин нигоҳ дошта метавонад.

- Барои суҳбати муфид як ҷаҳон ташаккур!

- Саломат бошед!

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД