formula
AЗ ҶАНГУ ҶАНҶОЛИ ПАДАРУ МОДАРАМ ДОДАРАМ ДЕВОНА ШУД
2511

 

Кайҳо пардаи торикӣ фаромада шаҳр оҳиста-оҳиста ба хоби ноз мерафт, вале фиғони ҷонкоҳи бачае якбора пардаи сукутро дарид. Садои гиряи кӯдак торафт баландтар мешуд. Ба ташвиш афтида чароғаки телефонамро равшан намуда ба кӯча баромадам.

Писараке фарёдзанон мегирист, аз ҳамсояҳои мисли ман ба изтиробафтода пурсидам, ки ин бача кист ва чаро гиря ме кунад. «Бачаи Зоҳир аст» гуфт ҳамсоязане, ки дар ошёнаи дуюм мезист. Ҳамин дам писарак якбора ба замин афтид ва ба дасту по задан даромад. Аз ҳолаташ маълум буд, ки ӯро приступи эпилепсия гирифтааст. Аз бародараш Маҳмуд пурсидам, ки чаро ин кӯдакро табобат намекунед. Оҳи сард кашида гуфт: «Акаҷон, додаракам ягон дард надошт, ҷангу ҷанҷоли доимии падару модарам ӯро ҳамин хел девонаавзоъ кард. Рӯзе нест, ки дар хонаамон ҷангу ҷанҷол набошад, ҷонамон ба лабамон расидааст, намедонем сарамонро ба куҷо занем…»

Кӯдакро рӯйи даст бардошта ба хонаашон бурдем. Падараш бачаи бе ин ҳам ҳолаш вазнинро сарзаниш кардан мехост, вале ман пеши роҳашро гирифта гуфтам: “Ака, ҳамааш айби худатон, асаби кӯдаки бечораро хароб кардаед. Ба ҷойи ҷанг кардан беҳтараш фарзандатонро духтур бурда табобат кунед”. Мардак шарм дошта сар ба зер афканд.

Мақсади нақл аз ин ҳодиса он аст, ки падару модарон дар пеши чашми фарзандонашон ҷангу ҷидол накунанд, чунки кӯдакон асаби нозук доранд ва моҷарою хархашаи бисёр метавонад онҳоро бемор созад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД