sebiston july new
Аз арӯси телефонбоз гурезед, бачаҳо!
19.10.2019
Дилшод
3224

Ба наздикӣ телефони нав харидаму бори нахуст ба интернет ворид шудам. Интернет дар назарам як дунёи дигар намуд, тамоми чизро дар ин ҷо ёфтан мумкин будааст.

Барои санҷиш бо номи мустаор дар “Одноклассники” саҳифа кушодам ва акси ҷавони зебоеро гузоштам. Баробари боз шудани саҳифа ба ман он қадар духтараконе паёмак фиристониданд, ки ҳисобашон гум буд. Аз байни садҳо духтари майли ошноӣ намуда, як чеҳраи шинос диққати маро ба худ ҷалб кард. Ин духтари аммаам Гулизор буд. Падару модарам ин духтарро барои ман хостгорӣ карданӣ буданд, аз ҳамин сабаб хостам арӯсамро як бор санҷида бинам. Шояд дар назди Худованд ягон кори нек карда будаам, ки маро аз шарри ин духтари бешарму ҳаёи бачабоз нигоҳ дошт.

Хуллас, духтари аммаам маро нашинохт ва бо хушнудӣ бо ман ишқи интернетиро оғоз намуд. Қариб ду моҳ мо бо ҳамдигар тариқи сомона чақ-чақ мекардем. Духтари аммаам аксҳои сохтаи маро дида, ошиқи зор шуда буд ва чизе, ки нагӯям, иҷро мекард. Барои санҷиш як рӯз аз Гулизор хоҳиш кардам, ки аксҳои урёнашро ба ман равон кунад, то ба назокати пайкараш баҳо диҳам. Ростӣ, гумон доштам, ки баъди ин гап ба сарам борони дашному ҳақорат мерезад, вале ин духтари бешарму беҳаё ҳамагӣ чанд лаҳза пас ба ман чунон аксҳое фиристод, ки бо диданашон ҳуш аз сарам парид. Дар як сурат нисфи китфаш намоён буду дар акси дигар пешобағали сап-сафедаш кушода, дар акси сеюм ба ғайр аз як тагпӯши ҳарир дигар чизе надошт ва тамоми пайкараш баръало менамуд. Гулизори бешарму бе ҳаё ба ғайр аз аксҳои урёнаш ба ман боз як навори видеоӣ низ равон кард, ки дар ҷойгаҳи хобаш ба навор гирифта буд. Бо дидани ин аксу видео нанги ҷавонмардиам боло гирифту хостам ба телефони дастияш занг зада, ҳақоратборонаш кунам, вале боз худамро доштам.

Волидонам ғофил аз ин сару савдо ҳарчи зудтар ба хонаи аммаам, ба хостгории Гулизор рафтан мехостанд. Маҷбур шудам, ки буғзи диламро кафонам. Ба модарам аксҳои фиристодаи Гулизорро нишон дода гуфтам, ки ман риштаи тақдирамро бо ин духтари бероҳа пайваста ҳаётамро намесӯзонам. Ба падарам фаҳмонед, ки ҷияни таърифияшро бо чашмони худаш дида, фикри хостгориро аз сараш дур кунад.

Баъди аз қилиқҳои келиншаванда бохабар шудан падарам аз фикраш гашт ва духтари дигареро ба ман фотиҳа карданд. Ин духтарро низ чанд муддат санҷидам ва боварӣ ҳосил кардам, ки мисли Гулизор телефонбозу беҳаё нест ва бо корҳои беҳуда машғул намешавад.

 


Зан бояд «универсал» бошад. Аз уҳдаи ҳама кор баромада тавонад. Пеш аз ҳама, донад, ки чаро таваллуд мекунад. Киро таваллуд кардааст. Бояд фарзандашро илм омӯзонад, саводнок кунад.

 


8qsUJnUFmiMFJsp17wnXJCT10Z9kq5IbSjzCAyTu

Ба ҷавонон гуфтаниям, ки ҳар духтареро ба занӣ мегиред, хоҳ бо хоҳиши худатон бошад, хоҳ интихоби волидонатон аввал хуб санҷида баъд хонадор шавед. Зан бозича нест, ки маъқул нашавад, фурӯхта навашро бихарӣ. Зиндагӣ савдои умр аст ва шахсеро бояд ҳамсафар интихоб намуд, ки то поёни роҳ ба ту содиқу вафодор бошад.

Дилшод, аз маҳаллаи Чоряккорон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД