arzon replenishment
Хайринисо Юсуфӣ: Лидер шудан ҳунари ҳар зан нест
1958

 

-Зан ва сиёсат – то куҷо ин ду мафҳум бо ҳамдигар тавъаманд?

-Аслан ҳар инсон, ки дар ҷомеа зиндагӣ мекунад ва бо иҷтимо робита дорад, соҳиби сиёсати ботинии худ аст. Зан низ ҳамеша ба тариқи хос соҳибсиёсат аст. Аз оғоз дар ҷомеаи инсонӣ занҳое буданд, ки доди сиёсатро медоданд ва бо раъият бисёр одилона ҳукмварӣ мекарданд. Зане, ки нерӯву иқтидори роҳбарӣ, сиёсатварӣ дорад шоиста аст, ки кори масъулеро ба манофеи ҷомеа ӯҳда кунад. 

-Муҳаммад Ҳиҷозӣ мегӯяд: «Вақте, ки як писарро тарбия мекунед, танҳо як мардро ба камол мерасонед, вале вақте духтарро тарбия мекунед, масъулияти тарбияи миллатро бар дӯш доред». Солҳои охир дар боби баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва тарбияи бонувони роҳбар зиёд ҳарф мезананд. Оё ҳама гуна зан метавонад лидер шавад?

-Аллома Муҳаммад Ҳиҷозӣ бисёр барҳақ дар мавриди тарбияти инсон андешаҳои худро пеш овардаанд. Ҳақиқати бешак ин аст, ки модар чун нуктаи паргор аст, ки фарзандон ӯро ҳалқабанд мекунанд. Модар нуқтаи мадори дунёст, ки ҳастиаш дар решаву бунёду фитрату маърифати ҷомеа таъсир мегузорад. Аз ин рӯ, барои тарбияти духтарон бояд барномаи хоси равонӣ таҳия шавад. Бидуни баҳс ҳар зани маъмуливу муқаррарӣ наметавонад мақоми лидер ва роҳбарро дошта бошад, зеро душвортарин шева – шеваи муносибат бо мардум аст.


Болои катро рӯфта кӯрпача партофт ва дастурхон ороста, ба табақ нон реза кард. Ҳанӯз шӯрборо накашида буд, ки якбора садои тақ-тақи дарвоза баланд шуд. Ҷавонзан бо гумони он ки шавҳараш аз кор баргаштааст, дарро боз кард, вале…

 


-Ҳанӯз Наполеони машҳур қайд карда буд, ки дар паси комёбиҳои ҳар як марди бузург сояи наҳифи зани оқилу хирадманде ниҳон аст. Магар зани тоҷик метавонад дар сарнавишти миллат чунин нақш бибозад?

-Бешак, метавонад. Устод Лоиқ низ суханҳои ҳакимонаи Бонапарт Наполеонро тасдиқ кардаанд.

Гар равад зери замин, ё ба фалак хайма занад,

Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.

-Ба Хайринисо Юсуфӣ Худованд ҳама чизро додааст: шӯҳрат, обрӯ, ҳусну малоҳат, забони ширину лутфи ҷаззобе, ки мардумро мисли оҳанрабо ба худ мекашад. Шавҳари зани ҳамеша гули сари сабад буданд осон аст барои ҳамсафари зиндагиатон ё рашк гоҳ-гоҳ намаки ишқро зиёдтар месозад?

-Иғроқ шуд. Аз Худованд шукргузорам, ки ба ман чаҳор унсури маъмуливу муқаррариеро, ки ба дигарон додааст, бахшидааст. Албатта, дар зиндагонии хонаводагии мо ҳам мушкилиҳо ва шебу фарозҳо вуҷуд доштанд, зеро дар атрофи ҳар нафари як андак шинохта одамҳои ҳарзаандеш ҳангомаҳое барпо мекунанд. Хушбахтона, ҳамсари ман як нафари бисёр покизаимон ва садоқатманду сарафроз ҳастанд, ки ҳаргиз ба дили худ ҳисси мағжушеро чун рашк роҳ намедиҳанд.

-Ба андешаи Шумо барои зан дар зиндагӣ чи муҳимтар аст: дороӣ, доноӣ, зебоӣ ё чизи дигар?

-Ба фикри ман барои зан дар зиндагӣаз ҳама муқаддамтар бахти оилавист, яъне саодати фарзандон, иттифоқи зану шавҳар, саломативу осоишу тавфиқи аҳли хонавода.

-Ба наварӯсоне, ки ба тозагӣ қадам ба остонаи бахт мегузоранд, маслиҳати сеҳрноке дода метавонед, ки гарави устувории оилаашон гардад?

-Мушкилтарин ва осонтарин маслиҳате, ки ман медиҳам ин аст, ки наварӯсон ба хонаи шавҳари худ бо муҳаббат қадам ниҳанд, ҳамсару аҳли хонаводаи ӯро аз самими ҷон дӯст доранду пайванди худ шуморанд. Хеле муҳим аст, ки наварӯсони оянда аз кулли ҳунарҳои бонувона огоҳ бошанд ва бо сиришти муҷаҳҳаз ба зиндагонии мустақил пардозанд.

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД