arzon replenishment
Аз аскарӣ нагурезед, бачаҳо!
421

Шахсоне, ки муддати ду сол дар аскарӣ хизмат кардан намехоҳанд, аз моҳи сентябр барои хидмати алтернативии ҳарбӣ ба ҷойи 28560 сомонӣ бояд 51 000 сомон пардохт мекунанд.

Маблағи мазкур бо назардошти 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023, ки 68 сомонӣ муқаррар гардидааст, 51 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин хусус, аллакай қарори лозима қабул шудааст.

Дар қарори нав, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар ҷойгир шудааст, гуфта мешавад, ки “Ҳаҷми маблағ барои адои хизмати алтернативии ҳарбӣ дар ҳаҷми 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад”.

Дар ҳоли ҳозир маблағи пардохти хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбаркунӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли ҷорӣ 68 сомонӣ муқаррар шудааст.

Тибқи тартиб шаҳрвандони синни даъвати Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъватро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ хидмати ҳарбиро адо кунанд. Хизмати алтернативии ҳарбӣ пас аз пардохти маблағ ва иштирок дар таълими якмоҳа анҷом дода мешавад.

Соли 2021 парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД