Sebiston new 2024 october
Аз болоравии нархи об то таъмири пойгоҳҳои обӣ
416


Аз ҷониби Хадамоти зидди инҳисорӣ то панҷ дирам боло бурдани ҳаққи хизматрасонии об муқаррар карда шуд.

Бо қарори 142, ки гузаштан ба системаи ғайринақдӣ мебошад, қариб 90 фисади корхонаҳо ба системаи ғайринақдӣ гузаштаанд. Кӯшиш карда истодаем, ки ин шумора ба сад фоиз расад.

Давлатзода Зафарбек, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора дар нишасти хабарии имрӯза гуфта гузаштанд.

Мавсуф дар баробари ин дар боби мушкилиҳои дар соҳа ҷойдошта низ изҳори назар карда, қайд намуд, ки мушкилиҳо дар самти обёри намудан дар бештари минтақаҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, ки зиёда аз 70 фисад танҳо ба воситаи пойгоҳҳои обёрӣ ба об таъмин карда мешаванд, вуҷуд доранд. Дар минтақаи Хатлон, хоса Кӯлоб, корҳои соҳилмустаҳкамкуниро анҷом додан зарур аст. Дар ноҳияи Данғара, Ёвон ва Ҷомӣ низ дар ин самт мушкилиҳо вуҷуд доранд ва Агентӣ нақшаву чорабиниҳо тартиб дода, нисбати он корбарӣ карда истодааст.

Яке аз вазифаҳои асосии Агентӣ ин беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, яке аз омилҳои асосӣ баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД