Oila Navruz
Аз бойбачаи хира чи хел халос шавам?
5721

Салом! Пеш аз ҳама узр мепурсам, ки номи аслиамр ба шумо гуфта наметавонам, зеро мушкиле дорам, ки забонам ба гуфтанаш намегардад, вале дар сурати пинҳон карданаш хонавайрон шуда метавонам. Ҷавонзани 21-сола ҳастам ва ҳамагӣ се моҳ пеш ба шавҳар баромадаам.

Духтари бениҳоят зебо будам, аз ҳаимн хотир талабгоронам аз мӯйи сарам бисёр буданд, аммо ишқи касеро қабул накарда, ба ҷавоне, ки падару модарам интихоб карданд,ба шавҳар баромадам, зеро барои ман дуои неки волидон дар зиндагӣ аз ҳама чиз муҳимтару қиматтар буд. Ҳамсарам бачаи камбағал бошад ҳам, инсони хуб аст, маро дӯст медорад ва падару модарамро ҳурмату эҳтиром мекунад. Ман ҳам дар навбати худ кӯшиш мекунам, ки эҳтироми хусуру хушдоманамро ба ҷо биёрам, то нагӯянд, ки бойдухтари шаҳрӣ моро писанд намекунад ё аз дасташ ягон кор намеояд. Хулоса, ману ҳамсарам то тӯй ягон бор ҳамдигарро надида бошем ҳам, ситораҳоямон мувофиқ афтода, зиндагии хушбахтона дорем, аммо...


Расул ном бойбачаи пулмаст ҳанӯз аз курси якум аз пушти ман кашола шуда мегашт. Чанд бор пеши роҳамро гирифта изҳори муҳаббат намуд ва маро ба сайру тамошо даъват кард, вале ба рӯяш нигоҳ ҳам накардам. Намедонам аз куҷое суроғаи хонаамонро ёфта хостгор ҳам фиристод, лекин калонгапии модараш ба аҳли хонаводаи мо нафорида, хостгории онҳоро қабул накарданд. Рсташро гӯям ба худам ҳам ин бачаи каттача тамоман маъқул набуду нест, вале баъди шавҳар карданам низ вай маро орому осуда зиндагӣ кардан намемонад. Ҳар рӯз пеши роҳамро гирифта, гап мепартояд ва шӯхиҳои бемаънӣ мекунад.

Сад бор гуфтам, ки ман зани шавҳардор ҳастам, аз паси ман соя барин нагард, ки ягон кас дида монад, нохуб мешавад, аммо гап ба ин ҷавони хара таъсир намекунад. Расул ду пояшро ба як мӯза андохта мегӯяд, ки ту ба як лох ба шавҳар баромада ҳайф шудӣ, аз шавҳарат ҷудо шав, ман туро ба занӣ мегирам. Ҳақорат мекунам, гапи сахт мезанам, дашном медиҳам, аммо ин аблаҳ ҳеҷ думболи маро сар доданӣ нест.

Дид, ки маро бо ягон роҳ ба домаш афтонда наметавонад, акнун ба таҳдид гузаштааст. Мегӯяд, ки ман то зиндагии туро вайрон накунам, ором намегирам. Худо шоҳид аст, ки байни ман ва Расул ягон муносибат набуд ва ман ҳеҷ гоҳ бо ӯ робита надоштаму аз афту андомаш безорам, вале ин номард мегӯяд, ки агар ба хубӣ азони ман нашавӣ, рафта ба шавҳарат мегӯям, ки пеш аз ту ин духтар чанд сол бо ман мегашт. Беҳуда нагуфтанад, ки “аз худонотарс битарс” аз дасти одаме, ки аз худованд натарсида чунин гапҳои дурӯғро ба забон меорад, ҳама кор меояд. Метерсам, ки ин номард ба шавҳарам гапҳои дурӯғ зада, маро бо тӯҳмат бадному шармандаю бадбахт мекунад.Волидони ман одамони бо обрӯ ҳастанд, аз ҳамин хотир аз шармандагӣ сахт метарсам. Илтимос, ба мани муштипар маслиҳат диҳед, чи хел аз ин бойбачаи хира халос шавам?

М. С, донишҷӯ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД