Шумораи биноҳои баландошёнаи навсохт дар кишварамон сол то сол зиёд гашта истодааст. Аксари ин биноҳо пас аз чандин соли сохта ба истифода доданашон аз комиссияи давлатӣ мегузаранд. Шахсоне, ки бинои истиқоматиашон ҳанӯз аз комиссия нагузаштааст ва хонаашон расман ҳуҷҷатгузорӣ нашудааст, андоз аз манзилро бояд пардохт намоянд ё не?
Дар посух ба ин суол масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, новобаста аз он ки бино аз комиссияи давлатӣ гузаштааст ё не, соҳибмулкон аз рӯзе, ки дар он хона зиндагӣ карданро оғоз намуданд, вазифадоранд андоз аз манзилро пардохт намоянд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади рақамикунонии соҳа ва шаффоф гардонидани низоми андозбандӣ зиёда аз 50 адад хизматрасониҳои электронӣ ба роҳ монда шудаанд, ки супурдани андозро хеле осон ва қулай месозанд. Шаҳрвандон имкон доранд, ки барномаи мобилии “Андози ман”-ро зеркашӣ намуда, бидуни муроҷиат намудан ба мақомоти андоз андозҳои гуногун, аз ҷумла андоз аз манзилро бо роҳи электронӣ пардохт намоянд.