Ду ҳафта мешавад, ки дасту поям меларзанд, худамро идора карда наметавонам, мегирям, дилам бухс мекунаду ба кафидан меояд, ин ларзиш аз соате ба ман ёр шуд, ки…
Имрӯз аксарияти мо дар ду дунё зиндагӣ мекунем, дунёи воқеӣ ва дунёи маҷозӣ. Дар ҳар ду дунё ҳам мо дӯсту душману дилхоҳу бадхоҳ дорем. Модарам ҳунарманди шинохтае ҳастанд ва дар як сомонаи иҷтимоӣ саҳифа доранд, гоҳе падарам бо шӯхӣ ба он кас мегӯянд:
- Занак, метарсам, ки дар ҳамон олами маҷозият шавҳар накунӣ…
Модарам падарамро мепесонад, мо бошем, механдем, аммо афсӯс, ки гапи падарам рост будааст, инро дар зиндагии худам таҷриба кардам.
Домоди баномус
Дар оила мо ду писару ду духтар ба воя расидаем, модару падари зиёиям моро аввал маълумотӣ олӣ доданду баъд хонадор намуданд. Дар интихоби ҳамсар низ озод будем. Ман Донишгоҳи омӯзгориро хатм намуда, муаллимаи забони хориҷӣ ҳастам. Як ҳамсабақи деҳотиямро дӯст доштам. Ростӣ падару модари ман ҳеҷ гоҳ байни инсонҳо фарқ намегузоранд, ки мансабдору бемансаб, шаҳрию қишлоқӣ, бой ва камбағал. Онҳо падару модари Саъдиро тавре қабул карданд, ки онҳо аз пазироии як ҳунарманди овозадор ба ҳайрат афтоданд. Падару модари дӯстдоштаам ду моҳи дароз барои хостгорӣ омадан ба хонаи мо истиҳола карда буданд. Падарам профессори донишгоҳ аст, ӯ ба волидони Саъдӣ гуфт:
- Агар духтари ман писари шуморо дӯст доштаву ишқашро пазируфтааст, пас ӯ бачаи арзанда аст. Ман ба духтарам бовар мекунам ва ӯро ба домодӣ мепазирам, танҳо бо як шарт. Шумо тӯйи бодабдаба накунед, қалин ҳам лозим нест, то қадри тавон ёрӣ расонед, ман ҳам пул зам мекунам ва барои ҷавонон дар пойтахт як хонаи бигузор якҳуҷрагӣ мехарем. Ман духтарамро дар роҳи дур ба шавҳар намедиҳам, чӣ гунае ин шарти маро фаҳмед, ихтиёратон.
Падари Саъдӣ ба шарти падарам розӣ шуд, аммо худи ӯ назди падарам омада, гуфт:
- Ака, ман худам ба Русия рафта пули як хонаро кор карда хона мехарам. Намехоҳам фардо ману занам таънашунави хешу ақрабо шавем, ки мо барои шумо хона харидем, аммо ман ҳам шарт дорам, шумо аз қавлатон намегардеду Асияро ба каси дигар ба шавҳар намедиҳед.
Саъдӣ баъди ин гапаш ба падарам зиёдтар маъқул шуду ба ӯ барору комёбӣ хост.
Ду соли ҳиҷрон
Ман дар як мактаб муаллимаи забони англисӣ шуда кор мекардам, падарам пинҳон аз ҳама насиҳатам мекард, ки пули ёфтаатро ҷое сарф накун, Саъдӣ, ки хона харид, ту бояд ақаллан ҷиҳози онро харидорӣ намоӣ. Дӯстдоштаам ҷавони корчаллону дилёбе буд ва кораш дар ғарибиҳо омад кард. Ӯ пули ёфтаашро ба ман мефиристод, ҳарчанд мегуфтам онро ба падару модарат фирист, аммо ӯ бо шӯхӣ мегуфт:
- Падару модарам не, ту хона мехоҳӣ, пули як хона, ки ҷамъ шуд, хабар кун, бармегардам.
Паёмакҳои аҷибе низ мефиристод:
Баҳои ишқи худ як хона гуфтӣ,
Зи ишқу ошиқӣ афсона гуфтӣ.
Ман меранҷидаму қаҳр мекардам, баъзан падарамро дар дилам мазаммат мекардам, ки дигар шарт наёфтанду…
Ҳеҷ гап не, дар деҳа ҳам зиндагӣ мекардам, нисф зиёди Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанду намурдаанд. Саъдии меҳнатдӯст дар ду сол пули як сехонагиро кор кард, дар ин муддат падарам бо падараш рафиқони наздик шуданд. Модараш низ қариб ҳар сол ба хабаргириям меомад ва маро ба бағал кашида, бо шӯхӣ мегуфт:
- Дар келини зархаридам садқа, бачам аз ишқи ӯ Маҷнуни саҳрогард шудааст.
Ҳарчанд ӯ мисли Саъдӣ шӯх буд, вале ман хиҷолат мекашидам. Ин зани нуронии дилсофро мисли модарам дӯст медоштам, ҳар омаданаш барояш туҳфаҳои зебое мекардам.
Баъди ду сол волидонамон дар маркази шаҳр хонаи сеҳуҷрагии барҳавоеро бароямон харидорӣ карданд, қолину ҷевонҳоро падару модарам, рахти хоби зеборо апаам, яхдону мошини ҷомашӯиро апаҳоям, дегу табақу дастархону дигар чизҳоро пайвандони Саъдӣ харидорӣ карданду дӯстдоштаам баргашт.
(Давом дорад)
Бо эҳтиром, хонандаи доимии шумо АСИЯ
Таснифи Рухсора САИД