formula
Аз Нигерияву Бангладеш барои таҳсил ба Душанбе омаданд
358

"Нақшаи қабули довталабон дар соли таҳсили 2023-2024 беш аз 60 фисад иҷро шудааст ва то анҷоми ду давраи қабули такрории довталабон нақша ба пуррагӣ иҷро хоҳад шуд", - гуфт Зарина Ибодзода, ректори МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" дар нишасти хабарии имрӯз.

Қайд карда шуд, ки дар донишкадаи мазкур донишҷӯёни хориҷӣ 34 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз қишварҳои Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Покистон, Бангладеш ва Нигерия мебошанд. Онҳо аслан дар факултаи тиббӣ таҳсил менамоянд.

"Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ бо 39 муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва барои ҳавасмангардонӣ ба табибоне, ки дар самти баланд бардоштани савияи донишу таҷрибаи донишҷӯёни мо саҳм мегузоранд, маош ҷудо карда шудааст", - гуфт Аламхон  Ахмедов, муовини ректор оид ба илм. 

Зикр шуд, ки МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ" донишҷӯёнро дар самти психологияи тиббӣ, фарматсевтӣ, иҷтимоӣ, стоматология ва кори табобатӣ ҳамчун мутахассис омода мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД