sebiston july new
Аз нисф зиёди чиптаҳои футбол фурухта шудаанд, вале...
1033


То вохӯрии деринтизори «Истиқлол» ва «Ал-Наср» дар Душанбе 1 рӯз боқӣ мондааст. Қарор аст имрӯз соати 14:00 ҳайати саудиҳо вориди пойтахти Тоҷикистон шаванд. Соати 17:30 нишасти хабарии пеш аз бозӣ дар назар аст.

Ба иттилои ФФТ, аз нисф зиёди чиптаҳои бозӣ аллакай фурӯхта шудаанд. Аммо, саволи асосӣ он аст, ки ситораи футбол Роналду дар ин ҳайат ҳаст ё не?

Мо ҳама мунтазири омадани ӯ ба Душанбе ҳастем, аммо коршиносони байналмилалӣ ва шореҳони варзиш мегӯянд, ситораҳои зиёди бошгоҳи Саудӣ ба Душанбе намеоянд, аз ҷумла Роналду. Варзишгар як моҳи охир ҳам дар ҳайати Саудӣ ва ҳам дар тими миллии Португалия бозӣ мекунад, ки хеле хаста шудааст. Роналду дар даври гузашта барои бозӣ бо “Ал-Дуҳайл” ба Қатар нарафт. Мураббии тим шарҳ дод, ки саломатии бозингаронаш аз ҳама чиз муҳимтар аст.

«Ал-Наср» амалан дар гурӯҳ ҷои якумро соҳиб шуд ва бештар худро азоб намедиҳад. Дирӯз Криштиану дар байни онҳое набуд, ки ба бозӣ бо «Истиқлол» омодагӣ мегирифтанд. Дар ҳоле, ки “Ал-Наср” дар нимаи дуюми рӯзи гузашта пеш аз парвоз ба Душанбе машқҳои охирини худро мегузаронданд, Роналдо, Бразович ва Мане дар байни бозингарон набуданд.

Дар ҳайати дастаҳо, ки аллакай чанд сомонаи варзишӣ пеш аз дидор нашр кардааст, исми Роналду ва Мане зикр нашудааст. Тибқи пешгӯиҳо нишасти хабариро низ ба ҷойи ӯ бозингари дигар ҳамроҳи сармураббӣ баргузор мекунад.

Дар аксҳое, ки чанд лаҳза қабл сомонаи бошгоҳ нашр кард, дида мешавад, ки гурӯҳи варзишгарон аллакай дар фурудгоҳанд ва ба тайёра ворид мешаванд. Аммо, дар миёни онҳо ситорҳои ҷаҳонии футбол нестанд.

Ҳамин тавр, тибқи тахмини коршиносон 5 -декабр, соати 21:00, «Истиқлол» дар майдони худ бо «Ал-Наср» бидуни ситораҳои футбол, махсусан Криштиану Роналду бозӣ мекунад ва натиҷа ҳам мусовӣ хоҳад шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҳаводорони футбол дар се минтақаи шаҳри Душанбе – назди марказҳои савдои «Ашан», «Сиёма мол» ва ҳамзамон дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фан-зона барои тамошои бозӣ ташкил кардааст.

Аз идора: Агар Роналду ба Душанбе наояд, шумо ба бозӣ меравед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД